МАҲФИЛИ НАВРӮЗӢ
Душанбе, 19 март. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).- Имрӯз бо ташаббуси Сафоратхонаи Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон, Ройзании фарҳангии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон ва Анҷумани дӯстии Тоҷикистону Эрон дар Китобхонаи миллии ба номи А. Фирдавсӣ маҳфили наврӯзӣ, бахшида иди Наврӯз баргузор гардид. Дар он Сафири кабири Эрон дар Тоҷикистон Алиасғари Шеърдӯст, Президенти Академияи Улуми ҶТ Мамадшо Илолов, раиси Анҷумани дӯстии Тоҷикистону Эрон Мирзо Муллоаҳмадов, директори Китобхонаи миллии ба номи А. Фирдавсӣ Шариф Тошев ва аҳли илму фарҳанги ҷумҳурӣ иштирок намуданд. Чоранибиро раиси китобхона Ш. Тошев ифтитоҳ намуда, ҳозиринро бо иди Наврӯзи ҳуҷастапай табрик намуд. Алиасғари Шеърдӯст дар сухани шодбошии худ аз рамзу суннатҳои Наврӯз ёдовар шуда, қайд намуд, ки Наврӯз дар Тоҷикистону Эрон 5000 ҳазор сол боз ҷашн гирифта мешавад ва онро дар 11 кишвар таҷлил менамоянд. Ӯ зикр намуд, Наврӯз моро ба соли нав ҳидоят мекунад ва тавони тоза медиҳад, то ки аз саховати табиат гавҳари зиндагӣ дарёбем. Сафир пешниҳод намуд, ки олимони се кишвари дӯст- Тоҷикистону Эрону Афғонистон барои созмон додани силлсилатаҳқиқҳо дар бораи Наврӯз гурӯҳи корӣ ташкил намоянд ва оинҳои наврӯзии на танҳо ин кишварҳоро балки тамоми «Ҳавзаи тамаддуни наврӯзӣ», ки ба он Ӯзбекистону Туркманистон, Қирғизистону Қазоқистон ва Озарбойҷон шомиланд ва ин расму оинҳо аз ҳамдигар андак тафовут доранд, зери таҳқиқ қарор гиранд. Раиси Анҷумани дӯстии Тоҷикистону Эрон Мирзо Муллоаҳмадов пешниҳод кард, ки ЮНЕСКО ҷашни Наврӯзро ба рӯйхати ҷашнҳои умумиҷаҳонӣ дохил намояд. Дастархони оростаи маҳфили наврӯзӣ, ки аз ҳафт «син»- суманак, сабзӣ, сикка, сирко, себ, сир ва санҷид ва ҳафт «шин»- ширинӣ, шамъ, ширбиринҷ, шарбат, шамшод, шинӣ ва шир, ки ҳар яке аз ин рамзҳо маънои хоси худро дорад иборат буд. Дастархони наврӯзии Эрон ғайр аз ҳафт «син»-у ҳафт «шин» бо ҳафт «мим» ва қариб ҳамаи навъҳои гул- сумбул, садбарг, сияҳгӯш, наргис ороста мешавад. Дар доираи маҳфил иштирокчиёни он намоишгоҳи китобиро тамошо карданд, ки бахшида ба Наврӯз ба маърази тамошо гузошта шуда буд.








Пагоҳ иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Дар Ҳисор оид ба кишти саривақтии ғалладонагиҳо машварат доир гардид
Дар ноҳияи Ёвон оид ба таъмини амнияту субот ҳамоиш баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Доир ба пешниҳоди каналҳои коммуникатсионии лоиҳаи «Намоиши коркарди ғайритермалии партовҳои ДДТ дар Осиёи Марказӣ» машварат баргузор гардид
ТААССУРОТИ ХОТИРМОНИ МИНИ-ФУТБОЛ. Дар Душанбе даври ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзал баргузор гардид
ОҒОЗИ МАВСИМИ НИҲОЛШИНОНӢ. Дар вилояти Хатлон 600 ҳазор бех дарахти ороишию сояафкан шинонида мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Бахшида ба 31-солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Москва ҳамоиш доир гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
«Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021–2025» натиҷагирӣ карда шуд






