МАБЛАҒИ СОХТМОНИ РОҲИ ОҲАНИ ВАҲДАТ- ҚӮРҒОНТЕППА 140 МЛН. Д

Март 27, 2009 11:27

                    Душанбе, 27 март. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- 19-уми март ба бунёди роҳи оҳани Ваҳдат- Қӯрғонтеппа асос гузошта шуд.Роҳи нав маркази кишварро ба нуқтаи ҷануби он дар масофаи 50 километр пайваст менамояд.                    Муҳимияти роҳи нав пеш аз ҳама дар он аст, ки ҷануби кишварро бо марказ дар масофаи беш аз 200 километр наздик намуда, бе убур аз сарҳади давлати ҳамсоя — Ҷумҳурии Ӯзбекистон сурат гирифта, садҳо ҳазор сомонӣ дар як сол фоида оварда метавонад.                    Муовини раиси Бонки Осиёи Рушд ҷаноби Жао ҳангоми мулоқот ба Президенти ҶТ Эмомалӣ Раҳмон иброз доштааст, ки Бонки осиёи Рушд дар бунёди роҳҳои иртиботӣ ба Тоҷикистон сармояи изофӣ ҷудо хоҳад кард.Барои сохтмони роҳи оҳани Ваҳдат-Қӯрғонтеппа 140 млн. доллар пешбинӣ шудааст.                    Коршиносон дар ин андешаанд, ки як қисми ин маблағро Бонки Осиёи Рушд пардохт хоҳад кард.                    Ёдовар мешавем, ки Бонки Осиёи Рушд дар давоми даҳ соли ҳамкорӣ ба Тоҷикистон дар доираи 500 млн. доллар барои иҷрои лоиҳаҳои мухталиф маблағ пардохт намудааст.

Март 27, 2009 11:27

Хабарҳои дигари ин бахш

6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад