МАРҲИЛАИ СЕЮМИ СОХТМОНИ РОҲ

Март 17, 2009 10:23

                   Душанбе, 17 март. (АМИТ «Ховар», Мавзуна Бойева). — Тавре ки маълум аст, айни ҳол марҳилаи сеюми сохтмони роҳи мошингарди Душанбе-Чаноқ давом дорад. Дар ин давра дар маҳалҳои хавфнок ва тармафуро долонҳои махсус сохта мешаванд, ки дарозии онҳо 3645 метр мебошад. Сохтмони роҳи мазкур тибқи нақша моҳи июли соли 2010 ба охир мерасад.                   Тавре ба мухбири АМИТ «Ховар» дар Муассисаи давлатии «Маркази татбиқи лоиҳаи таҷдиди роҳи автомобилгарди Душанбе-Чаноқ» дар назди Ҳукумати ҶТ итиллоъ доданд, барои бо сифати баланд ба охир расонидани корҳои сохтмони ва таҷдид, роҳи Душанбе-Чаноқ ба 3 қитъа ва галереяю нақб тақсим карда шудааст. Дар доираи татбиқи лоиҳаи таҷдиди роҳи мошингарди Душанбе-Чаноқ то якуми феврали соли 2009 ба маблағи 216,24 млн. долл. ИМА корҳои сохтмони ва барқароркуни иҷро карда шуда, сохтмони 233,8 км. роҳ (дар ҳудуди ноҳияи Варзоб 50 км. ва дар вилояти Суғд 183,8 км) бо 30 кӯпрукҳои хурд, миёна ва калон, 4570 метри тӯлонӣ деворҳои муҳофизатӣ, 338 қубурҳои обгузари зери роҳ ва дигар иншооти ёрирасон баъди қабули комиссияи кории вазорат мавриди истифода қарор дода шуданд.                     Арзиши умумии иншооти ба анҷомрасида 118,2 миллион доллари ИМА- ро ташкил мекунад.Қитъаҳои анҷомёфтаи роҳ ба Муассисаҳои давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳияҳои Варзоб, Шаҳристон, Истаравшан, Ғончи, Спитамен, Ҷ. Расулов, Б. Ғафуров ва Мастчоҳ супорида шуданд.                    Айни замон корҳои тармимӣ дар ҳамаи марҳилаҳо идома дорад.    

Март 17, 2009 10:23

Хабарҳои дигари ин бахш

6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад