МАШВАРАТИ ВАЗИРОНИ МОЛИЯИ МАМЛАКАТҲОИ ИДМ ДАР МАСКАВ

Март 31, 2009 11:35

                  Душанбе, 31 март. (АМИТ «Ховар», Наргис Бояхмедова). — Дар пойтахти Русия — шаҳри Маскав машварати вазирони молияи мамлакатҳои аъзои ИДМ давом дорад. Дар машварат масъалаҳои марбут ба вазъияти ҳозираи иҷтимоию иқтисодии давлатҳои Иттиҳод ва тадбирҳои кам кардани таъсир ва оқибатҳои бӯҳрони ҷаҳонии молиявӣ муҳокима карда мешаванд. Иштирокчиёни машварат инчунин мавқеи мамлакатҳояшонро дар мулоқоти сарони давлатҳои аъзои «Гурӯҳи бистгона» муайян ва мувофиқа менамоянд, ки 2 апрел дар Лондон баргузор хоҳад гашт.                  Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки дар машварати мазкур вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафаралӣ Наҷмиддинов иштирок дорад. Машварати вазирони молияи мамлакатҳои ИДМ бо қарори Шӯрои сарони давлатҳои Иттиҳод аз моҳи октябри соли 2008 мунтазам гузаронида мешавад. Дар он вазъияти иҷтимоию иқтисодии мамлакатҳо муҳокима карда, барои ҳалли проблемаҳои мавҷуда тадбирҳо андешида мешаванд. Тавре хабар дода шуда буд, бо супориши Шӯрои сарони ҳукуматҳои мамлакатҳои Иттиҳод барои бартараф сохтани оқибатҳои бӯҳрони молиявӣ тавсияҳо пешниҳод карда шуда буданд.                    Бояд гуфт, ки ин масъала дар байни мамлакатҳои Иттиҳод мунтазам баррасӣ карда мешавад. Дар натиҷа барои таъмини вазъияти босуботи молиявӣ тадбирҳои самарабахш андешида мешаванд. Дастгирии фаъолияти молиявии бонкҳо, додани кафолати ҳифзи маблағҳои пасандози аҳолӣ дар бонкҳо, истифодаи пулҳои миллӣ зимни хариду фурӯши мол дар байни мамлакатҳо, расондани кӯмаки молиявӣ ба корхонаҳои калонтарин ва пешгирии бекории оммавӣ аз ҷумлаи чунин тадбирҳо мебошанд.

Март 31, 2009 11:35

Хабарҳои дигари ин бахш

9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд