МУЛОҚОТ ДАР ПЕКИН
Душанбе, 13 март. (АМИТ «Ховар», Темур Бандишоев ). — Сафири кабири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин Рашид Олимов бо муовини вазири корҳои хориҷии ин мамлакат Ли Хуай мулоқот кард. Онҳо роҷеъ ба натиҷаҳои кори муштаракашон дар соли 2008 ва нақшаҳои асосии рушди муносибатҳо ва ҳамкории Тоҷикистону Чин дар соли 2009 табодули назар намуданд. Ин масъалаҳо бо мароқи калон ва ҳамаҷониба баррасӣ карда шуданд. Таъкид шуд, ки сафари давлатии раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Ху Сзинтао ба Тоҷикистон моҳи августи соли 2008 ва дар доираи сафари мазкур имзо шудани силсилаи ҳуҷҷатҳо ҳамкории сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва гуманитарии ҳар ду кишварро бештар аз пештар тақвият бахшиданд. Қайд карда шуд, ки дар ин муддат равобиту ҳамкории парлумонҳо, вазоратҳои корҳои хориҷӣ, мақомоти муҳофизи қонун ва вазорату идораҳои дигари ҳар ду мамлакат бештар тавсиа ёфтанд. Сафари расмии вазири корҳои хориҷии Чин Ян Сзечи ба Тоҷикистон, мулоқоти вазирони мудофиаи ҳар ду мамлакат дар Душанбе ва вазирони рушди иқтисод ва савдо дар Пекин барои равнақу ривоҷи муносибатҳои ҳар ду кишвар нақши калон гузоштанд. Рашид Олимов зикр намуд, ки соли гузашта маблағи хариду фурӯши мол дар байни ҳар ду кишвар бори аввал аз як миллиарду 250 миллион доллари ИМА бештар гардид. Чин дар байни мамлакатҳое, ки бо Тоҷикистон муносибатҳои тиҷоратӣ доранд, яке аз ҷойҳои аввалинро ишғол менамояд. Мусоҳибон изҳор намуданд, ки ҳамаи ин натиҷаҳои ҷидду ҷаҳди муштараки тарафайн барои амалӣ сохтани шартҳои Созишномаи ҳусни ҳамҷаворӣ, дӯстӣ ва ҳамкории Тоҷикистону Чин мебошад. Зикр карда шуд, ки дар баробари ин имкониятҳои зиёди рушди хамкорӣ дар асоси созишнома ҳанӯз пурра истифода карда нашудаанд. Дар фарҷоми мулоқот нақшаи тадбирҳои муштарак баррасӣ карда шуд, ки ҳадафи онҳо равнақу ривоҷи минбаъдаи муносибатҳои дуҷониба ва ба даст овардани натиҷаҳои бештари мусбат мебошад.








Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад






