МУЛОҚОТИ Э. РАҲМОН БО НОИБИ ПРЕЗИДЕНТИ БОР ШИАОЮ ЖАО

Март 20, 2009 08:17

                     Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Ноиби Президенти Бонки Осиёии Рушд Шиаою Жаоро ба ҳузур пазируфт.                     Дар мулоқот масоили кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои Тоҷикистон бо ин бонки бонуфузи минтақавӣ баррасӣ шуд.                     Эмомалӣ Раҳмон ва Шиаою Жао аз ҳамкории дуҷонибаи даҳсола изҳори қаноатмандӣ карда, таъкид доштанд, ки дар ин мӯҳлат Бонки Осиёии Рушд ба Тоҷикистон беш аз 500 миллион доллари амрикоӣ ҷудо намудааст. Беш аз 130 миллиони онро кӯмаки техникӣ ва грант ташкил додааст. Ҳамчунин барои солҳои 2009 ва 2010 пешниҳод гаштани 102 миллион доллари амрикоӣ бо қаноатмандӣ зикр гардид. Таъкид шуд, ки қисмати зиёди ин кӯмак давоми ҳамин сол ҷудо гашта, 40 миллионаш танҳо ба дастгирии буҷети давлатӣ барои кам кардани таъсири бӯҳрони ҷаҳонии молиявӣ равона мегардад.                      Шиаою Жао ба роҳбарияти сохторҳои иқтисодии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барномаи зиддибӯҳронии дар кишвар таҳиягашта баҳои баланд дода, таъкид намуд, ки айни ҳол Бонки Осиёии Рушд дар якҷоягӣ бо кишварҳою созмонҳои дигари мададрасон дар таҳияи Стратегияи нави кӯмак ба Тоҷикистон фаъолона иштирок дорад «ва дар чаҳорчӯби он кӯмакҳои нави молиявӣ, машваратӣ ва ғайра расонда мешаванд», изҳор намуд ӯ.                     Шиаою Жао ҳамчунин изҳор намуд, ки Бонки Осиёии Рушд минбаъд низ дар дастгирии буҷети давлатии Тоҷикистон ва маблағгузории сохтмони роҳҳо, нерӯгоҳҳои хурди барқӣ ва хатҳои минтақавии интиқоли нерӯи барқ, аз ҷумла ба сӯйи Афғонистон иштироки фаъол хоҳад дошт.                      Ба сатҳи ҳамкориҳои Тоҷикистону Бонки Осиёии Рушд дар чаҳорчӯби Барномаи Ҳамкории минтақавии иқтисодӣ дар Осиёи Марказӣ, ки рушди инфрасохтори нақлиётӣ, энергетикӣ, тиҷоратӣ ва нерӯи инсонӣ аз афзалиятҳои асосии он аст, баҳои баланд дода шуд.                      Дар мулоқот ҳамчунин дар бораи ислоҳоти соҳаи кишоварзӣ, ҳаллу фасли қарзҳои хоҷагиҳои пахтакор ва дигар масоили мавриди таваҷҷӯҳ табодули назар карда шуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.  

Март 20, 2009 08:17

Хабарҳои дигари ин бахш

5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд