МУЛОҚОТИ МАҶЛИСИ САРОНИ ҲУКУМАТҲОИ ИДМ ДАР ОСТОНА

Март 25, 2009 10:50

                       Душанбе, 25 март. (АМИТ «Ховар», Наргис Бояхмедова). — 22 май дар пойтахти Ҷумҳурии Қазоқистон — шаҳри Остона маҷлиси Шӯрои сарони ҳукуматҳои мамлакатҳои ИДМ баргузор мегардад. Дар ин бора дар маҷлиси навбатии Шӯрои намояндагони доимии ваколатдори давлатҳои Иттиҳод хабар дода шуд, ки 20 март дар Минск баргузор гардид.                         Ба муҳокимаи маҷлиси сарони ҳукуматҳои мамлакатҳои ИДМ 20 масъала пешниҳод карда шудааст. Онҳо, аз ҷумла, нақшаи тадбирҳои амалӣ сохтани даври аввали Барномаи стратегии рушди иқтисодии ИДМ — ро то соли 2020, тағйироту иловаҳоро ба барномаи стратегии ҳамкорӣ дар соҳаи иттилоот ва Нақшаи тадбирҳоро барои амалӣ сохтани он то соли 2010 муҳокима хоҳанд кард. Инчунин, ба муҳокимаи маҷлиси Шӯрои сарони ҳукуматҳо Нақшаи тадбирҳои муштараки таъсиси низоми воҳиди ба ҳисоб гирифтани шаҳрвандони давлатҳои дигар ва шаҳрвандони бетабаият, ки ба қаламрави мамлакатҳои ИДМ дохил мешаванд ва масъалаҳои дигари марбут ба соҳаҳои иҷтимоӣ, молиявӣ ва амният муҳокима карда хоҳанд шуд.

Март 25, 2009 10:50

Хабарҳои дигари ин бахш

9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд