МУЛОҚОТИ ПРЕЗИДЕНТ БО КОРМАНДОНИ БА ВАЗИФАҲОИ МАСЪУЛ ТАЪИНГАРДИДА
Душанбе, 6 март (АМИТ «Ховар», Темур Бандишоев). — Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бегоҳии дирӯз бо гурӯҳи кормандоне мулоқот кард, ки ба вазифаҳои масъул дар мақомоти суду прокуратура ва корҳои дохилӣ таъин гардидаанд. Эмомалӣ Раҳмон талаб намуд, ки онҳо пеш аз ҳама дар иҷрои вазифа барои дигарон намуна буда, барои таъмини волоияти қонун саҳми арзанда гузоранд. Сардори давлат таъкид намуд, ки кормандони ба тозагӣ таъиншуда вазифаи худро софдилона иҷро карда, ба муқобили ришвахӯрону ҷинояткорон ва қочоқчиёни маводи нашъадор самарабахш мубориза баранд. Президенти ҷумҳурӣ дастур дод, ки назорати иҷрои қонун «Дар бораи танзими анъанаҳо ва расму оинҳои миллӣ» дар саросари мамлакат пурзӯр карда шавад. Зикр шуд, ки қонуни мазкур, дар шароити душвори имрӯза манфиатҳои моддии аҳолиро ҳимоя менамояд.








9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






