МУЛОҚОТИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРӢ БО ЗИЁИЁН
Душанбе, 20 март. (АМИТ «Ховар», Темур Бандишоев). — Имрӯз Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ баъди тармиму таҷдиди куллӣ ба истифода дода шуд. Дар маросими ифтитоҳи он Президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон ширкат варзид. Баъди маросими кушодашавии театр дар ҳамин ҷо мулоқоти ҳарсолаи даҳуми Сарвари Давлат бо зиёиёни мамлакат баргузор гардид. Эмомалӣ Раҳмон дар оғози суханрониаш ҳамаи ҳозиронро ба муносибати иди Наврӯз табрик намуда, ба онҳо саломатӣ ва рӯзгори фараҳмандона орзу намуд. Сипас Президенти ҷумҳурӣ кормандони Театри давлатии академии опера ва балет ва ҷамъомадагонро ба муносибати анҷом ёфтани тармими он табрик намуд. Вай зикр кард, ки театри опера ва балет дар пешрафти санъати мусиқӣ ва ташаккули санъати миллии опера ва балети тоҷик нақши бузург бозидааст. Эмомалӣ Раҳмон ба аҳамияти забони модарӣ ва саҳми зиёиёни Тоҷикистон дар пешрафти ҷомеа диққати асосӣ дода, зикр кард, ки вазорати маориф ва мактабҳои олии ҷумҳурӣ бояд барои беҳтар сохтани вазъияти омӯзиш ва таълими хати ниёгон тадбирҳои судбахш андешанд. Зарурати муқаррар намудани истилоҳоти илмӣ барои соҳаҳои гуногуни истифодаи забони тоҷикӣ на танҳо проблемаи дохилии илми забоншиносӣ, балки масъалаи муҳим ва рӯзмарраи сиёсати давлатӣ дар соҳаи забон мебошад, гуфт вай. — Соли равон ба қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забон» 20 сол пур мешавад. Ин санади қонунӣ дар даврони шӯравӣ таҳия карда, бо назардошти вазъи сиёсии ҳамон солҳо қабул гардида буд, бинобар ин ба талаботи замони ҳозира пурра ҷавоб дода наметавонад. Аз ин рӯ зарурати таҳияи лоиҳаи нави қонуни мазкур ба миён омадааст. Бо ин мақсад гурӯҳи махсуси корӣ ташкил карда шуд, ки бояд лоиҳаи нави қонунро дар асоси меъёрҳои таърихию адабӣ бо назардошти дигаргуниҳои ҷомеа, талаботи имрӯза ва манфиатҳои миллӣ таҳия созад. Ба қавли Президент, ҳадафи қабули қонуни нав, пеш аз ҳама, таъмини бақои асолати забони тоҷикӣ, мустаҳкам намудани мақоми давлатии он ва истифодаи забони давлатӣ дар тамоми соҳаҳои ҳаёти иқтисодию сиёсӣ ва ҷамъиятии мамлакат мебошад. Пажӯҳишгоҳи забону адабиёти ба номи А.Рӯдакии Академияи илмҳо вазифадор карда шуд, ки Фарҳанги мукаммали шашҷилдаи тафсирии забони тоҷикиро ба чоп омода созад. Фарҳанги мазкур бояд дар давоми панҷ соли оянда чоп карда шавад. Ба Вазорати молия ва Академияи илмҳо дар бораи таъсиси маҷаллаи махсуси илмии забоншиносӣ дастур дода шуд. Маҷаллаи мазкур ҳамин сол нашр мешавад. Бешубҳа, нашри чунин маҷалла ба пешрафту такомули забони давлатӣ мусоидат хоҳад кард, ки омили муҳими афзоиши худшиносии миллӣ ва таҳкими ваҳдати миллӣ ба шумор меравад. Боварии комил дорам, ки қабули қонуни нав «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва тадбирҳои дигари вобаста ба ташаккул ва икнкишофи забони миллӣ монеаҳои сунъии дар ин соҳа вуҷуддоштаро бартараф намуда, ба давраи нави рушди забони давлатӣ ибтидо мегузоранд. Мақоми давлатии забони тоҷикӣ бояд дар асоси Конститутсия ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳимоя карда шавад, гуфт Сарвари Давлат. Қайд карда шуд, ки соли 2011 ба рӯзи таваллуди яке аз фарзандони бузурги халқи тоҷик Қаҳрамони Тоҷикистон, Мирзо Турсунзода 100 сол пур мешавад. Мо бояд ҷашни ин устоди каломи бадеъро ба таври сазовор таҷлил намоем, ки дар қитъаҳои Асиё ва Африқо шӯҳрати беандоза дорад. Ба Комиссияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар масъалаҳои ЮНЕСКО пешниҳод карда мешавад, ки барои ба рӯйхати ҷашнҳои ин созмони мӯътабар дохил намудани ҷашни 100 — солагии Мирзо Турсунзода тадбирҳо андешад. Президенти ҷумҳурӣ пешниҳод кард, ки ба муносибати таҷлили ҷашнҳои рӯзи таваллуди нависандагон Сотим Улуғзода ва Ҷалол Икромӣ тадбирҳои дахлдор андешида шаванд. Вай пешниҳод намуд, ки номи Сотим Улуғзода ба Донишкадаи забонҳо гузошта шавад. Ин адиби машҳур, инчунин, ҳамчун тарҷумони варзида шӯҳрат пайдо кардааст. Ҳамчунин, пешниҳод шуд, ки номи Ҷалол Икромӣ ба яке аз хиёбонҳои пойтахт гузошта шавад. Сарвари Давлат сокинони мамлакатро бори дигар даъват намуд, ки ганҷинаи китобхонаҳои мамлакатро аз ҳисоби китобхонаҳои шахсии худ ғанитар гардонанд. Эмомалӣ Раҳмон аҳли зиёро машъалбардорони тамоми мардуми Тоҷикистони соҳибихтиёр номид. Бо назардошти чунин мақоми баланд зиёиёнро хазинаи тиллоии миллат ва ифтихори ҷомеа номидан мумкин аст, гуфт Президенти Ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон дар хотима. Тарҷумон — Қудратов А.