МУЛОҚОТИ СЕҶОНИБА ДАР ТЕҲРОН
Шоми рӯзи 10-уми март дар шаҳри Теҳрон мулоқоти сеҷонибаи сарони давлатҳои Тоҷикистон, Эрон ва Афғонистон баргузор гашт. Дар вохӯрӣ масоили ҷорӣ ва дурнамои муносибатҳои гуногунҷанбаи се давлати дӯсту ҳамфарҳанг ва ҳамгироиҳои минтақавию байналмилалии онҳо баррасӣ шуд. Зимни муҳокимарониҳо таъкид гардид, ки се кишвари мазкур метавонанд дар ҳаллу фасли бисёр масоили мубрами минтақавӣ нақши намоён дошта бошанд, аз ҷумла дар ҳалли мушкилоти бисёрсолаи Афғонистон.Нақшаҳои сохтмони пулҳои нави мошингузар дар болои дарёи Панҷ, роҳҳои оҳану мошингарди пайвандкунандаи Тоҷикистону Эрону Афғонистон, пайванди ин роҳҳо бо шабакаҳои нақлиётии Қирғизистону Қазоқистон ва Чин, бунёди нерӯгоҳҳои хурду бузурги обию ҳароратӣ ва хатҳои интиқоли нерӯи баландшиддати барқи Тоҷикистон — Афғонистон — Эрон дорои аҳамияти бузург барои таъмини рушди бонизоми иҷтимоию иқтисодии кишварҳои минтақаҳои Осиёи Марказӣ ва Осиёи Ҷанубӣ маънидод гардид. Сарони се давлат — Эмомалӣ Раҳмон, Маҳмуди Аҳмадинажод ва Ҳомид Карзай омодагии худро баҳри пуштибонӣ аз татбиқи амалии ин лоиҳаҳои минтақавии инфрасохторӣ таъкид намуданд. Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод намуд, ки баҳри назорати доимӣ ва татбиқи босамари тавофуқоти миёни се давлат бадастомада як кумитаи муштарак дар сатҳи муовинони роҳбарони вазоратҳои марбута ва як ниҳоди муштараки сармоягузорӣ таъсис дода шавад. Масоили таҳкиму густариши ҳамкориҳои сеҷонибаи ҳарбӣ ва ҳарбӣ-техникӣ ва ҳамгироиҳои мақомоти амниятӣ ва ҳифзи ҳуқуқи се кишвар дар мубориза бо хатарҳои ҷаҳони муосир низ аз мавзӯъҳои асосии сӯҳбат буд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод намуд, ки дар шаҳри Душанбе дар моҳи март ё апрели соли равон мулоқоти роҳбарони сохторҳои қудратӣ ва ҳифзи ҳуқуқи се кишвар ба роҳ монда шавад. Ҳамчунин мулоқотҳои мунтазами роҳбарони вазоратҳои корҳои хориҷии се давлат матлуб шумурда шуд. Гуфтугӯйи судманд ҳамчунин оид ба густариши робитаҳо дар соҳаҳои маориф, тандурустӣ, фарҳанг ва иттилоот, аз ҷумла доир ба ифтитоҳи телевизиони муштаркаи се кишвари ҳамфарҳанг сурат гирифт. Баъди анҷоми мулоқоти сеҷониба Сарони се давлат — Эмомалӣ Раҳмон, Маҳмуди Аҳмадинажод ва Ҳомид Карзай як эъломияи муштарак ба имзо расонданд, ки дар он ҳамаи тадбирҳои зикршуда ва дигар ҳамгироиҳои минтақавию ҷаҳонӣ инъикос ёфтаанд.








Пагоҳ иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Дар Ҳисор оид ба кишти саривақтии ғалладонагиҳо машварат доир гардид
Дар ноҳияи Ёвон оид ба таъмини амнияту субот ҳамоиш баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Доир ба пешниҳоди каналҳои коммуникатсионии лоиҳаи «Намоиши коркарди ғайритермалии партовҳои ДДТ дар Осиёи Марказӣ» машварат баргузор гардид
ТААССУРОТИ ХОТИРМОНИ МИНИ-ФУТБОЛ. Дар Душанбе даври ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзал баргузор гардид
ОҒОЗИ МАВСИМИ НИҲОЛШИНОНӢ. Дар вилояти Хатлон 600 ҳазор бех дарахти ороишию сояафкан шинонида мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Бахшида ба 31-солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Москва ҳамоиш доир гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
«Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021–2025» натиҷагирӣ карда шуд






