МУРОҶИАТИ ПРЕЗИДЕНТ ОБАМА БА РОҲБАРИЯТ ВА МАРДУМИ ЭРОН

Март 25, 2009 15:20

                     Қасри СафедДушанбе, 25 март. (АМИТ «Ховар»-дафтари матбуоти Қасри Сафед).-Имрӯз ман тамоми мардуми дунёро, шодбош мегӯям, ки иди Наврӯзро таҷлил менамоянд. Ин ҷашн дар як вақт яке аз оинҳои қадима ва лаҳзаи бедоршавии табиат аст ва ман умед дорам, ки шумо ин рӯзро дар ҳалқаи дӯстон ва аҳли хонавода мегузаронед. Аз ҷумла ман мехоҳам, ки дар ин рӯз ба мардум ва роҳбарияти Ҷумҳурии Исломии Эрон муроҷиат намоям. Наврӯз яке аз рукнҳои бузурги фарҳанги пурғановати форсҳо ва тоҷикони ҷаҳон ба шумор меравад. Дар тӯли чандин қарнҳо санъат, мусиқӣ, адабиёт ва навовариҳои техникии шумо дунёро мукаммал ва зеботар намудааст. Дар рушди ҷомеаи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико нақши америкоиёни эронитабор мақоми хос дорад. Мо медонем, ки адабиёт, санъат ва ҳунари Эрон як қисми бузурги тамаддуни ҷаҳон ба шумор меравад ва дастовардҳои шумо мавриди эҳтироми сокинони Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва дунё қарор гирифтааст.                      Дар зарфи се даҳсолаи охир муносибатҳои кишварҳои мо муташаниҷ гардиданд. Аммо дар ин рӯзҳои ҷашн мо аз арзишҳои умумиинсонӣ ёдовар мешавем, зеро онҳо моро бо ҳам мепайванданд. Таҷлили Соли нави шумо-Наврӯз ба Соли нави мо монандӣ дорад, зеро мо низ соли навро дар ҳалқаи дӯстону аҳли хонавода бо тақдими тӯҳфа ва хушбинӣ ба ояндаи нек истиқбол менамоем.                       Рӯзҳои ид моро ба ояндаи дурахшони фарзандон, амнияти оилаҳоямон, пешрафти ҷомеаи кишварҳоямон ва саросари ҷаҳон умедвор месозад. Ин таманнои ягонаи мост.                       Аз ин хотир, дар ин лаҳзаҳои тақдирсоз мехоҳам ба роҳбарияти Эрон мустақиман муроҷиат намоям. Байни мо нофаҳмиҳои ҷиддӣ мавҷуданд, ки бо мурури вақт афзоиш меёбанд. Алҳол маъмурияти ИМА кӯшиш менамояд, ки ҳамаи проблемаҳои мавҷуда бо роҳҳои дипломатӣ ҳал карда, равобити амалии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва Эрон ва ҷомеаи ҷаҳон барқарор гардад. Ба ин иқдом таҳдидҳо ва хавфу хатарҳо кӯмак намерасонанд. Мо ба ҷои ин роҳҳои муколаммаи софидилонаро меҷӯем, ки заминаи онро эҳтироми ҳамдигар ташкил диҳад. Мо меҳоҳем, ки Ҷумҳурии Исломии Эрон дар арсаи ҷаҳон мақоми шоиста дошта бошад. Эрон ба ин ҳуқуқ дорад, вале барои ин баъзе ӯҳдададориҳоро ба зимма гирифтан лозим меояд. Ин ҳадафҳоро бо террор ё зӯри аслиҳа ба даст овардан мумкин нест. Танҳо бо роҳи ҳамдигарфаҳмӣ ва сулҳу субот, онро метавон амалӣ намуд.                         Мо бояд дар ин роҳ қадамҳои мусолиматомез гузорем, ки аз бузургию шаҳомати мардуми Эрон шаҳодат медиҳад. Ҳадафи фарҳанги Эрон на харобкорист, балки ҷидду ҷаҳд ба созандагӣ ва бунёдкорӣ мебошад.                        Аз ин рӯ, дар дар рӯзҳои таҷлили Наврӯз ман мехоҳам, ки шумо- мардум ва роҳбарияти Эрон бифаҳмед, ки мо ояндаи мамлакатҳоямон ва хлқҳоямонро чӣ гуна тасаввур менамоем. Ин оянда боз аз нав ба роҳ мондани муносибатҳо дар байни мардумони ИМА ва Эрон аст. Инчунин, истифодаи имкониятҳои иловагӣ ҷиҳати ҳамкорӣ ва муносибатҳои иқтисодиро бояд муҳаё бисозем. Ин тадбир имкони аз роҳ бардоштани монеъаҳо буда, дар он шумо ва ҳамсояҳои шумо, инчунин ҷомеаи ҷаҳон дар сулҳу суббот зиндагӣ намоянд.                          Ман медонам, ки ба ин ҳадаф расидан хеле душвор аст. Нерӯҳое ҳастанд, ки тарафдори боқӣ мондани ихтилофот дар байни ИМА ва Эрон мебошанд. Аммо биёед ба хотир орем, ки Саъдии бузург чандин сол пеш гуфта буд: «Бани одам аъзои якдигаранд, ки дар офариниш зи як гавҳаранд».                           Фарорасии Соли нав арзишҳои нави инсониро ба мо хотиррасон месозад ва мо бо ҳамин эҳсосот ба оғози давраи нави сулҳу суббот кӯшиш ба харҷ медиҳем.Ташаккур, Ид муборак бошад!

Март 25, 2009 15:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 40 дараҷа гарм мешавад
Дар 130 муассисаи таълимии ноҳияи Рӯдакӣ беш аз 10 ҳазор наврасон ба истироҳат фаро гирифта шудаанд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Дар Душанбе ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангӣ таҳти унвони «Пешвои миллат — меъмори Ваҳдат» доир гардид
МЕГАФОН ТОҶИКИСТОН: Дар Санкт –Петербург Созишнома оид ба ҳамкории оператор бо таҳиягари пешбари Русия — Ivideon имзо гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Конфронси илмӣ-адабии «Душанбе — корзори ваҳдатофарӣ ва боргоҳи Ваҳдати миллӣ» баргузор шуд
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 9 иншооти саноатӣ ба истифода дода мешавад
Дар Бохтар вобаста ба пешгирии ғарқшавии ноболиғону ҷавонон ҳангоми оббозӣ вохӯрии иттилоотӣ доир шуд
Модарони ваҳдатсаро дар ноҳияҳои Исмоили Сомонӣ, Фирдавсӣ, Сино ва Шоҳмансури пойтахт бо сокинон вохӯрӣ мегузаронанд
АЗ БАРАКАТИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ. Дар ин муддат соҳаи саноат ва кӯҳкорӣ ба як бахши муҳими иқтисоди миллӣ табдил ёфт