МУРОФИАИ СУДИИ МАРДИ ДАЮС АНҶОМ ЁФТ

Март 25, 2009 15:23

                     Вена, 25 март. (АМИТ «Ховар» Шабакаи аввали телевизиони Русия ). — Дар Австрия мурофиаи судии марди васвоси занакабоз ва даюс — Йозеф Фритсели 73 — сола ба охир расид, ки духтари худ Элизабетро 24 сол дар таҳхона нигоҳ дошта, бо ӯ муносибатҳои маҳрамона кардааст. Ин воқеаи нафтарангез як сол пеш фош шуд. Йозеф Фритселро кормандони политсия 27 апрели соли 2008 дастгир намуданд. Ҳамон вақт ҷиноятҳои ғайриинсонии ин фосиқи ашаддӣ ҷаҳониёнро ба даҳшат андохт.                    Дар ҷараёни тафтиш маълум шуд, ки Фритсел бо духтари худ Элизабет аз синни 11- солагии он, яъне дар давоми бештар аз 30 сол муносибатҳои маҳрамона доштааст. Ӯ Элизабетро дар давоми 24 соли охир дар таҳхонаи ҳавлиаш нигоҳ доштааст. Падари фосиқ Элизабетро дар давоми 9 моҳи аввал бо гарданбанди саг дар қубури таҳхона баста, намегузошт, ки овоз барорад.                     Элизабет дар ин муддат дар таҳхона аз падараш 7 фарзанд таваллуд кард. Яке аз онҳо Микаэл ном дошт ва дар синни дуниммоҳагӣ дар натиҷаи беморӣ ва а нарасондани кӯмаки тиббӣ вафот кард. Фритсел ҷасади кӯдакро дар печкаи хонааш сӯзонд.                    Й. Фритсел се фарзандашро бо баҳонаи он, ки духтараш Элизабет аз хона фирор карда, партофта рафтааст ба тарбияи худ гирифт. Аслан се фарзанди Элизабет — Лиза, Моника ва Александр, ки ҳоло 16,14 ва 12 сола мебошанд, дар таҳхона бо овози баланд гиря мекарданд. Бинобар ин падари фосиқ аз тарси фош гардидани ҷинояташ чунин роҳи фиребро пеш гирифта, онҳоро ҳамчун фарзандони ӯгай ба тарбияи худ гирифт. Вале Кёрстени 19 — сола, Штефани 18 — сола ва Феликси 5 — сола то рӯзи охирин дар таҳхона зиндагӣ мекарданд. Бемории духтари калонӣ Кёрстен барои озод гардидани аҳли оила аз ғуломӣ нақши муҳим бозид.Вақте ки духтарак сахт бемор шуд, Фритсел ночор ӯро ба назди духтурон бурд. Духтурон аз ӯ талаб намуданд, ки модарашро ба шифохона биёрад, то дар бораи бемории он маълумоти бештар ба даст оранд. Элизабет дар шифохона дар бораи фосиқӣ ва ҷинояти падараш нақл кард ва дар ҳамин ҷо ӯро ба кормандони политсия супориданд.                   Мурофиаи судии Й.Фритсел 16 марти соли равон шурӯъ шуд. Шоҳиди асосӣ дар мурофиа духтари ӯ — Элизабет буд. Вале худи Элизабет дар мурофиа ҳузур надошт. Тамоми баёноти ӯ дар навори видео сабт карда шуда буд. Инчунин, дар ҷараёни мурофиа дафтари ёддоштҳои Элизабет ҳамчун далели шаъиӣ истифода карда шуд. Йозеф Фритсел дар мурофиаи судӣ ба куштор, таҷовуз ба номус, аз озоди маҳрум кардани одамон ва ғулом кардани онҳо гунаҳкор карда шуд.                    Суд исбот карда натавонист, ки ҳамсари Фритсел — Розмари аз ин ҷинояти шавҳараш хабар дошта бошад. Й.Фритсел дар рӯзи охирини мурофиа ба тамоми гуноҳҳояш иқрор шуд. Айни ҳол ҳамаи аъзои оилаи ӯ ба истиснои ҳамсараш дар шифохонаи бемориҳои рӯҳӣ таҳти назорати духтурон қарор доранд. Ба ақидаи духтурон ҳамаи аъзои оилаи ин мард гирифтори бемориҳои гуногуни рӯҳӣ буда, бояд тамоми умр таҳти табобат қарор дода шаванд.                     Суд 19 март Фритселро ба тамоми ҷиноятҳои содиркардааш гунаҳкор дониста, якумрӣ аз озодӣ маҳрум намуд.  Йозеф Фритсел дар Австрия ҳамчун рамзи зӯроварии бераҳмона ва фисқу фуҷур шӯҳрат пайдо кардааст. Сокинони мамлакат намехоҳанд, ки ин марди даюс сазовори унвони шаҳрванди мамлакат ва ҷузъи таърихи он бошад. Бо қарори суд ҳавлии Фритсел ҳамчун маъвои фисқу фуҷур ва бадбахтиҳо вайрон карда мешавад.

Март 25, 2009 15:23

Хабарҳои дигари ин бахш

5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд