НАҚШИ ОМӮЗГОР
Fончӣ, 16 март. (АМИТ «Ховар», Ҳусейни Назрулло). — Бо ташаббуси шӯъбаи маорифи ноҳияи Ғончӣ дар мактаби таҳсилоти умумии рақами 51-и деҳаи Ғазантарак дар мавзӯи «Нақши муаллим дар фаъолгардонии мустақилияти хонанда ва худидоракунии талабагӣ» семинари директорони мактабҳои ноҳия доир гардид. Дар доираи ин семинар иштирокдорони он ба мактаб ва музейи таърихию кишваршиносии ноҳия шинос гардида, ба як қатор дарсҳои таълимию тарбиявии синфҳои аз 3 то 11-и мактаби №51 иштирок карданд. Сипас, бо чораҷӯйиҳои беруназсинфии мактаб, аз қабили машварати аъзоёни Шӯрои талабагӣ, викторинаи геохимиявии «Асрори азалро на ту дониву на ман» ва клуби ҳозирҷавобон бо номи «Мӯъҷизаҳои табиат» баргузор гардид. Инчунин, озмунҳои «Кани духтарон», «Тоҷи заррин» хеле дилчаспу хотирмон доир гардида, маҳфили «Мо забони англисӣ меомӯзем», ки бо роҳбарии омӯзгор М.Чӯраева созмон ёфт, мақбули иштирокдорони семинар гашт.








6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






