НАРХИ МОЛ ДАР ЧИН АРЗОН МЕШАВАД
Пекин, 11 март (АМИТ «Ховар» — РБК). — Нархи молҳои истеъмолӣ дар Ҷумҳурии Мардумии Чин баъди моҳи декабри соли 2002 аз моҳи феврали соли 2009 сар карда, бори аввал тадриҷан арзон мешавад. Дар ин муддат нархи молҳои истеъмолӣ то 1,6 фоиз паст гардид. Моҳи феврал нархи мол дар бозори истеъмолӣ 4,5 фоиз поён фуромад. Нархи молҳои саноатӣ дар ин мамлакат се моҳ боз муттасил паст мегардад. Дараҷаи беқурбшавии пул моҳи феврали соли 2008 — ум 8,7 фоизро ташкил дод, ки ин дар давоми 12 соли охир натиҷаи баландтарин мебошад. Вале дар давоми моҳҳои охир дар мамлакат коҳиши болоравии нарх дар заминаи суст гардидани сатҳи истеҳсоли мол ва умуман иқтисодиёт роҳбарияти мамлакатро ба ташвиши ҷиддӣ овард. Ҳукумат бо назардошти натиҷаҳои соли гузашта қарор дод, ки барои таъмини афзоиши истеҳсоли мол 590 миллиард доллари ИМА ҷудо кунад.








6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






