НАВОРГИРИИ ФИЛМИ «ҲАҚИҚАТИ ТАЪРИХ – ҲАҚИҚАТИ ҲАЁТ» АН&#
Душанбе, 10 март (АМИТ «Ховар», Таҳмина Ғоибназарова). — Коргардони кино Шавкат Муҳаммадиев наворгирии филми мустанади «Ҳақиқати таърих — ҳақиқати ҳаёт» — ро ба охир расонд. Филми мазкур таҳқиқоти журналистӣ буда, дар бораи тақдири шоири шаҳиди тоҷик Нақибхони Туғрал нақл мекунад, ки бо тӯҳмати душманонаш дар давраи мубориза ба муқобили босмачиён парронда шудааст. Ӯ соли 1919 ноҳақ кушта шуда ва Суди олии Тоҷикистон соли 1959 бегуноҳии шоирро исбот намудааст. Коргардон аз ҳуҷҷатҳои таърихӣ ва навори кинои солҳои гузашта фаровон истифода мебарад. Ин ҳуҷҷатҳоро олимони таърихшинос, наберагон ва абераҳои шоир шарҳу тавзеҳ медиҳанд. Дар филм лаҳзаҳои ҷолиби диққат — аз ҷумла, воқеаи куштори Нақибхони Туғрал дар соҳили дарёи Зарафшон тасвир карда шудааст. Ш.Муҳаммадиев ба мухбири АМИТ «Ховар» гуфт, ки баъди намоиши филм дар шаҳри Душанбе ба воситаи телевизион онро ба ватани шоир бурда, ба сокинони маҳаллӣ нишон хоҳад дод.








5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад






