НЕРӮГОҲИ ХУРДИ БАРҚӢ БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД

Март 31, 2009 13:49

                   Душанбе, 31 март. (АМИТ «Ховар», Наталья Михайлова).- 28 март дар ҷамоати Тугаланги ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ нерӯгоҳи хурди барқӣ ба истифода дода шуд, ки иқтидори он 3 МегаВатт аст. Нерӯгоҳи мазкур бо супориши Ҳукумати Ҷумҳурӣ дар заминаи нерӯгоҳи барқии кӯҳнашуда сохта шуд. Мувофиқи супориши Ҳукумати Ҷумҳурӣ Кумитаи гумрук ва Ширкати саҳҳомии «Барқи тоҷик» таҷҳизоти нерӯгоҳи кӯҳнаю фарсудашударо иваз карданд. Нерӯгоҳи пештара дар ин ҷо соли 1950 сохта шуда буд. Ҷамъияти саҳҳомии «Замина» онро бо дастгирии Ҳукумати мамлакат пурра таъмир кард.                 Дар маросими кушодашавии нерӯгоҳи хурди барқӣ раиси вилояти Хатлон Ғайбулло Авзалов, намояндагони Кумитаи гумруки назди Ҳукумати Тоҷикистон ва хабарнигорон иштирок карданд. Чи тавре, ки ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи гумруки назди Ҳукумати Тоҷикистон хабар доданд, дар натиҷаи ба кор даровардани нерӯгоҳи хурди барқӣ 32 ҳазор сокини деҳаҳои атроф ва ҳамаи мактабҳои миёнаи ҷамоати Тугаланг шабу рӯз бо қувваи барқ таъмин мешаванд.                                                                                                                                        Тарчумон Иноятова З.

Март 31, 2009 13:49

Хабарҳои дигари ин бахш

6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад