НИЯТИ «ҲУМО» НЕК ВА САОДАТМАНДИЮ БАЛАНДПАРВОЗИСТ

Март 31, 2009 15:36

                        Рушду пешрафти ҳар як кишварро бидуни истеҳсолот ва маҳсулоти хушсифату дар бозор рақобатпазир тасаввур кардан имконнопазир аст. Хусусан, дар шароити гузариш ба муносибатҳои нави иқтисоди бозаргонӣ, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сӯи он қадамҳои устувор мегузорад, пешрафту шукуфоии сарзаминамон маҳз ба тавлиди корхонаҳои нави истеҳсолӣ ва тавсеаи истеҳсолот тавъам аст.                        Хушбахтона, имрӯзҳо дар ҷумҳуриамон ҳастанд корхонаҳои истеҳсолие, ки бо вуҷуди баъзе монеаю мушкилот ва таъсири бӯҳрони молиявии ҷаҳонӣ доираи фаъолияти худро васеъ намуда, дар рушди саноат ва иқтисодиёти миллии кишвар саҳми босазо мегузоранд.                        Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Ҳумо»-и пойтахт яке аз чунин корхонаҳои саноатии мамлакат ба шумор рафта, бо иқтидори саноатии худ дар рушди иқтисоди кишвар нақши муассир мегузорад. Роҷеъ ба фаъолияти имрӯзаи корхона ва нақшаҳои минбаъдаи он сӯҳбате оростаем бо Раиси Шӯрои директорони Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Ҳумо» Комил Шарифов.                       Комил Каримович, қаблан мехостем бифаҳмем, ки мақсад аз «Ҳумо» ном гирифтани корхона дар чист ва ин номи зебову хушоҳанг аз ҷониби кӣ пешниҳод карда шудааст?                        Мусаллам аст, ки «Ҳумо» номи мурғи афсонавӣ, хушиқбол аст. Бо нияти дар минбаъда бобаракат ва босамар фаъолият намудани корхона роҳбарият ва аҳли кормандони он соли 2001 дар ҳамкорӣ бо шоири Халқии Тоҷикистон, шодравон Лоиқ Шералӣ ин номро ба корхона лоиқ донистем. Бояд тазаккур дод, ки «Ҳумо» собиқ корхонаи «Тоҷикагрегат» 15 сентябри соли 1945 таъсис ёфта, то соли 1956 бо номи «Трактордетал» ва «Душанбеселмаш» фаъолият намуда, баъдан то соли 1989 бо номи «Тоҷикгидроагрегат» ва соли 1989 Ҷамъияти саҳҳомии «Гидроагрегат» ва аз 7 сентябри соли 2001 бо номи Ҷамъияти саҳҳомии «Ҳумо» фаъолият менамояд.                       «Ҳумо» корхонаи саноатӣ буда, то пош хӯрдани собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ қисмҳои эҳтиётии техникаҳои соҳаи кишоварзӣ ва дигар мошинолот истеҳсол мекард. Яъне дар он даврон 95 фоизи тамоми маҳсулоте, ки истеҳсол мешуд дар шакли нотамом ҳамчун қисмҳои эҳтиётии мошинолоти кишоварзӣ ба ҷумҳуриҳои собиқ Шӯравӣ, аз ҷумла ба шаҳри Ростов барои тайёр кардани комбайнҳои тамғаи «НИВА», «Дон» ва «Мир» фиристонида мешуданд. Баъди истиқлолият ҳарчанд, ки корхона пурра ба фаъолият шурӯъ кард, аммо бо сабаби канда шудани робитаҳои иқтисодии собиқ ва дигаргун гардидани технологияҳо, алҳол чунин қисмҳои эҳтиётӣ истеҳсол карда намешаванд.                      «Ҳумо» аз чанд коргоҳ иборат аст ва кадом навъҳои маҳсулотро истеҳсол намуда, пешкаши муштариён мегардонад?                       Алҳол 7 коргоҳи корхона ин ҳам бошад коргоҳи рехтагарӣ, металҳои ранга, кафшергарӣ, коргоҳҳои рақамҳои 3, 7 ва 8 фаъолият менамоянд. Корхона асосан дар асоси фармоишоти КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон», «Талко», КВД «Тоҷиксемент» ва дигар корхонаю ширкатҳои сохтмонӣ қисмҳои эҳтиётӣ истеҳсол мекунад. Бахусус, редуктор барои сохтмони нерӯгоҳҳои хурди обӣ ва дарғот барои сохтмони обанборҳо. Бояд тазаккур дод, ки бо назардошти камчинии нерӯи барқ ва сохтмони нерӯгоҳҳои хурди обӣ, ки талаботи ҷомеа ба он беш аз пеш меафзояд, дар корхонаи «Ҳумо» истеҳсоли редукторҳо ва дарғотҳо ривоҷ ёфтаанд. Танҳо дар соли гузашта ҳудуди 70 редуктор ба кишвари ҳамсояи Афғонистон фурӯхта шуд. Инчунин, дар дохили ҷумҳурӣ талабот ба ин навъи маҳсулот сол аз сол афзоиш меёбад. Арзиши ин навъи маҳсулот дар асоси ҳаҷм ва сохти он муайян карда мешавад.                        Инчунин, коргоҳҳои рехтагарӣ дорем, ки ба гудохтани оҳан, чӯян ва алюминиӣ сару кор доранд. Маҳсулоте, ки дар коргоҳҳои рехтагарӣ истеҳсол карда мешаванд, асосан барои хоҷагии мамлакат васеъ истифода бурда мешавад. Танҳо дар коргоҳи рехтагарӣ, ки беш аз 20 нафар коргарони ботаҷриба ба кор фаро гирифта шудаанд, то 15 -20 намуди маҳсулот истеҳсол карда мешавад. Аз ҷумла, сарпӯшҳои чӯянӣ барои даромадгоҳҳо ва чоҳҳои шабакаи канализатсионӣ, гилза барои мошинолот ва техникаи кишоварзӣ, панҷараҳои гуногуни чӯянӣ, ки барои ороишоти кӯчаю хиёбонҳои шаҳр ва дигар муассисаю идораҳо, ҳавлиҳо васеъ истифода мешаванд, инчунин дегҳо барои об кардани алюминиӣ ва ғайраҳо.                         Маҳсулоти хомро аз куҷо дарёфт менамоед?                        Маҳсулоти хомро асосан аз дохили ҷумҳурӣ дастрас менамоем.                         Дар маҷмӯъ чӣ қадар коргар дар корхонаи «Ҳумо» фаъолият менамоянд?                         Шумораи коргарон алҳол дар ҷамъияти саҳомии «Ҳумо» 300 нафар ва дар «Тоҷирон» 35 нафарро ташкил медиҳанд. Ният аст, ки дар моҳҳои наздик теъдоди онҳо зиёд карда мешаванд.                        Алҳол, фаъолияти корхонаи тракторсозии «Тоҷирон» дар кадом сатҳ аст? Бояд тазаккур дод, ки корхонаи тракторзии «Тоҷирон» корхонаи муштарак буда, он 20 июни соли 2006 ифтитоҳ ёфт, ки дар маросими он Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Маҳмуд Аҳмадинажод иштирок доштанд.                        Дар корхонаи «Тоҷирон» тамоми қисмҳои тракторҳои «Тоҷирон- 285 Д» аз Эрон оварда шуда, дар хати тавлидот банду баст мегарданд.                        Дар солҳои оянда дар назар аст, ки баъзе қисмҳои трактори «Тоҷирон» дар корхонаҳои саноатии Тоҷикистон истеҳсол карда шаванд. То имрӯз 126 трактор истеҳсол гардида, беш аз сад адади он фурӯхта шудааст. Трактори «Тоҷирон» дар қиёс нисбат ба тракторҳои истеҳсолменамудаи Белорус ҳам аз ҷиҳати нарх ва ҳам аз лиҳози истифодаи сӯзишворӣ камхарҷ аст.                        Бояд зикр кард, ки кишоварзон, деҳқонон дарк карданд, ки тракторҳои «Тоҷирон» дар соҳаи кишоварзии Тоҷикистон ва ба мавқеъи ҷойгиршавии ҷуғрофии кишварамон мусоид аст. Аз ин рӯ, дар соҳаи кишоварзии мамлакат васеъ истифода бурда мешаванд.                       «Ҳумо» бо кадом корхонаҳои саноатии кишварҳои хориҷӣ ҳамкорӣ дорад? ва оё бӯҳрони молиявии ҷаҳонӣ ба фаъолияти «Ҳумо» таъсир гузоштааст?                        Бо ду корхонаи саноатии Ҷумҳурии Белорус, аз ҷумла бо заводи моторсозии Белорус дар зарфи ҳафт сол ҳамкории устувор ва судманд, хусусан дар бахши коркарди алюминии аввалия доштем. Алҳол бо сабаби паст рафтан нархи алюминиӣ ва тасъири бӯҳрони молиявии ҷаҳонӣ ҳамкорӣ муваққатан қатъ шудааст.                       Дар оянда ҷиҳати пешрафти фаъолияти корхона ва дар заминаи он рушди иқтисоди миллии кишвар кадом нақшаҳоро амалӣ гардониданиед?                        Нақшаҳо ва умуман нияту мақсадҳои «Ҳумо» зиёданд. Яке аз онҳо васеъ кардани фаъолияти корхона ва таҷҳизонидани технологияи муосир дар асоси стандартҳои ҷаҳонӣ. Зеро алҳол дар корхона технологияи давраи Шӯравӣ истифода мешавад.                        Аз кадом кишвари дунё нияти харидории технологияи муосирро доред?                       Масъалаи харидории таҷҳизоти наву замонавӣ вобаста аст ба имконияту шароити бозор. Алҳол муҳандиси техникии мо нисбати ин масъала кор карда истодааст. Мо кӯшиш менамоем, ки технологияе ворид созем, ки ба рушди саноат ва истеҳсоли маҳсулоти баландсифати дар бозор рақобатпазир мусоидат карда тавонад. Ва дар заминаи он ба муштариён маҳсулоти баландсифати саноатӣ пешкаш намоем.                       Инчунин, васеъ кардани фаъолияти корхона ва тавлид кардани ҷойҳои нави корӣ, ки тавонад ҷиҳати татбиқи Барномаи давлатии коҳиш додани сатҳи камбизоатӣ дар кишвар мусоидат намояд.                      Талаботи корхона дар мавриди таъмини корхона бо мутахассиони баландихтисос чӣ гуна аст?Воқеан, имрӯз бо назардошти рушди ҷомеа корхонаи «Ҳумо» низ ба мутахассисони баландихтисос ва дорои таҷрибаи бои касбӣ эҳтиёҷ дорад. Дар тамоми биржаҳои меҳнат намояндаи корхонаи «Ҳумо» иштирок карда, ҷиҳати дарёфти мутахассисони ботаҷриба чораҳои зарурӣ андешида мешавад. Имрӯз корхона бештар эҳтиёҷ дорад ба мутахассисони соҳаи кафшергарӣ, маълумоти олидори техникӣ ва ғайраҳо Мо имрӯз эълон намудаем, ки барои тамоми мутахассисони ботаҷриба дари корхонаи «Ҳумо» кушода аст. Зеро имрӯз як мутахассиси пуртаҷриба метавонад бо пешниҳодҳои самарабахшу муфиди худ даҳҳо ҷойи кор тавлид намояд. Ва мо зарурат дорем ба чунин мутахассисони ботаҷриба. Дар ин масъала албатта мо кӯшиш менамоем, ки мутахассиони маҳаллиро бештар ба кор ҷалб намоем. Хусусан, аз ҳисоби хатмкунандагони донишгоҳҳои олии мамлакат. Мутахассисони ҷавоне, ки ҷаҳонбинию тафаккур, нигоҳ ва диди замонавӣ дошта бошанд, бозорро донанд, ки бозор ба чӣ навъи маҳсулот рақобат карда метавонад ва ниёзи бештаре дорад.                        Бобати ҷалби мутахассисони маҳаллии ботаҷриба бо ягон донишгоҳи ҷумҳурӣ ҳамкорӣ доред? Бале, дар ин масъала корхонаи «Ҳумо» бо якчанд донишгоҳҳо ва омӯзишгоҳҳои касбҳои техникии мамлакат ҳамкориро ба роҳ мондааст. Дар заминаи он донишҷӯёни Донишгоҳҳои техникӣ ва технологӣ инчунин, омӯзишгоҳи касбҳои техникӣ дар корхонаи «Ҳумо» таҷриба меомӯзанд. Мо ният дорем, дар оянда намоянда ва мутахассисони корхонаи мо ҳангоми супоридани имтиҳони давлатӣ дар он иштирок намуда, мутахассисони ҷавони беҳтаринро ба корхона ҷалб намоем.                         Вазъи иҷтимоии коргарони корхона дар кадом сатҳ аст ва роҳбарият ҷиҳати беҳдошти онҳо чӣ тадбирҳо меандешад?                        Воқеан бо назардошти вазъи кунунии ҷомеа ҷиҳати баланд бардоштани вазъи иҷтимоии коргарон аз ҷониби маъмурияти корхона чораҳои зарурӣ ва саривақтӣ андешида мешаванд. Кормандон бо ҷои хоб ва хӯроки гарми нисфирӯзӣ таъминанд. Маоши коргарон аз 300 то 600 сомониро ташкил медиҳад ва саъю талош менамоем, ки дар оянда бо истифодаи имкониятҳои мавҷуда барои онҳо шароити беҳтари корӣ ва истироҳатиро фароҳам биёрем.                                                                                     Мусоҳиб, Марзия Саидова, хабарнигори АМИТ «Ховар»

Март 31, 2009 15:36

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 40 дараҷа гарм мешавад
Дар 130 муассисаи таълимии ноҳияи Рӯдакӣ беш аз 10 ҳазор наврасон ба истироҳат фаро гирифта шудаанд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Дар Душанбе ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангӣ таҳти унвони «Пешвои миллат — меъмори Ваҳдат» доир гардид
МЕГАФОН ТОҶИКИСТОН: Дар Санкт –Петербург Созишнома оид ба ҳамкории оператор бо таҳиягари пешбари Русия — Ivideon имзо гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Конфронси илмӣ-адабии «Душанбе — корзори ваҳдатофарӣ ва боргоҳи Ваҳдати миллӣ» баргузор шуд
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 9 иншооти саноатӣ ба истифода дода мешавад
Дар Бохтар вобаста ба пешгирии ғарқшавии ноболиғону ҷавонон ҳангоми оббозӣ вохӯрии иттилоотӣ доир шуд
Модарони ваҳдатсаро дар ноҳияҳои Исмоили Сомонӣ, Фирдавсӣ, Сино ва Шоҳмансури пойтахт бо сокинон вохӯрӣ мегузаронанд
АЗ БАРАКАТИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ. Дар ин муддат соҳаи саноат ва кӯҳкорӣ ба як бахши муҳими иқтисоди миллӣ табдил ёфт
«ХИЗМАТ БА ВАТАН ШАРАФ АСТ!». Дар ноҳияи Нуробод ҳамоиши хизматчиёни ҳарбӣ баргузор мешавад