ОҒОЗИ КИШТИ БАҲОРӢ ДАР БАДАХШОН

Март 18, 2009 11:38

                   Хоруғ, 18 март. (АМИТ «Ховар», Л. Додо). — Дар навоҳии Дарвозу Ванҷи ВМКБ киштукори баҳорӣ оғоз ёфта, дар навоҳии болооби рӯдхонаи Панҷ омодагӣ ба ин маърака идома дорад.                    Муовини аввали сардори раёсати кишоварзии ВМКБ Имомдод Фарҳодов ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, ки навоҳии поёноби рӯдхонаи Панҷ 80 тонна тухмии хушсифатро, ки соли 2008 Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ ба вилоят ройгон дода буд, кишт менамоянд. Дар навоҳии болооби рӯдхонаи Панҷ 2285 тонна тухмии ғалла, 5102 тонна тухмии картошка барои кишт захира шудааст.                   «Гарчанде ки нисбат ба соли 2008 тухмии ғалла 342 тонна ва картошка 362 тонна зиёд бошад ҳам, ба хотири пурра кишт кардани замин боз 100 тонна тухмии ғалла ва 300 тонна тухми картошка лозим аст. Аз ин рӯ, Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ ваъда додааст, ки то об шудани барф деҳқонони Бадахшон бо ин миқдор тухмӣ таъмин карда мешаванд», — тазаккур дод И. Фарҳодов.

Март 18, 2009 11:38

Хабарҳои дигари ин бахш

5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд