ОҒОЗИ СОХТМОНИ РОҲИ ОҲАНИ ДУШАНБЕ — ҚӮРҒОНТЕППА
Душанбе, 19 март. (АМИТ «Ховар», Темур Бандишоев). — Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон субҳи имрӯз дар маросими оғози сохтмони роҳи оҳани Душанбе — Қӯрғонтеппа ширкат варзид, ки дар деҳаи Бостони ҷамоати Дӯстии ноҳияи Ваҳдат баргузор гардид. Сарвари давлат ҷараёни васли релсҳои нахустинро дар роҳи оҳан шахсан мушоҳида карда, ба шароити кори коргарон ва хусусиятҳои сохтмони роҳ мароқ зоҳир намуд. Роҳи нави оҳан шаҳрҳои Душанбе ва Қӯрғонтеппаро ба ҳам мепайвандад ва дарозии он 125 километр мебошад. То имрӯз аз шаҳри Душанбе ба шаҳри Қӯрғонтеппа бо роҳи оҳан танҳо ба воситаи қаламрави Ӯзбекистон рафтан мумкин буд, ки дарозии роҳи он 463 километрро ташкил медиҳад.








6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






