ОБРО САРФАКОРОНА ИСТИФОДА НАМЕКУНАНД
Душанбе, 12 март (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).-Дар шаҳри Қурғонтеппа ба давраи дуюми иҷрои лоиҳаи рушди инфраструктураи маҳаллӣ (коммуналӣ) оид ба иншооти обтаъминкунии шаҳр ва барқарорсозии онҳо дар давраи солҳои 2008-2009 заминагузорӣ мешавад. Амалӣ шудани лоиҳа дар доираи ҳамкорӣ бо Бонки Ҷаҳонӣ суръат мегардад. Бояд тазаккур дод, ки то 1-уми январи соли 2009 шумораи аҳолӣ, ки Корхонаи фаръии давлатии байниноҳиявии обу канализатсияи шаҳри Қурғонтеппа ба онҳо хизмат мерасонад, ба 68 ҳазору 726 нафар расидааст, ки ин 57,3 фоизи аҳолиест, ки дар ҳудуди хизматрасонии корхона истиқомат доранд. Бино ба иттилои масъулини корхонаи мазкур, дар давоми солҳои 2005-2006 фаъолияти корхона ба ҳолати бӯҳронӣ расида буд. Дар шаҳр оби нӯшиданӣ намерасид, аҳолии хонаҳои баландошёна оби нӯшокиро аз масофаи 100-200 метр дастӣ мекашониданд, аз 144,4 км хатҳои интиқоли об 63 километраш дар ҳолати садамавӣ қарор дошт. Дар давоми солҳои 2005-2008 бо истифода аз ҳама манбаъҳои маблағгузорӣ ва ҳамкорӣ бо ташкилоти ЮНИСЭФ 10 истгоҳҳои (стансия)-и насосии фишорбаландкунандаи оби нӯшокӣ дар хонаҳои баландошёна барқарор карда шуд. Аз ҳисоби маблағҳои Урбан Институти (ЮСАИД) ба маблағи 34 ҳазор сомонӣ дар хонаҳои баландошёна ҳисобкунакҳои оби нӯшокӣ васл карда шуд. Алҳол, истеҳсоли оби нӯшокӣ дар як шабонарӯз барои аҳолӣ 55 ҳазор метрии кубӣ буда, ба ҳар як нафар 800 литр дар як шабонарӯз рост меояд, ки аз меъёрҳои амалкунандаи мамлакатҳои тараққикардаи дунё ду маротиба зиёд аст ва аз рӯи тарифҳои амалкунанда, зиёд истифода кардани он, танҳо бар зарари худи обистеъмолкунандагон мебошад.