ПОЧТАИ ТОҶИК БАРНОМАИ НАВРО АМАЛӢ МЕСОЗАД
Душанбе, 12 март. (АМИТ «Ховар», Мавзуна Бойева). -Муносибатҳои бозаргонӣ дар фаъолияти муассисаҳои почтаи ҷумҳурӣ низ қонуну қоидаҳои навро ҷорӣ менамоянд. Солҳои охир доираи хизматрасонии муассисаҳои почта ба аҳоли ва сифати он хеле беҳтар гардид. Коргарону мутахассисони соҳа айни ҳол роҳи нисбатан арзон кардани нархи хизматҳоро пеш гирифтаанд. Дар натиҷа талабот ба хизмати почта рӯз то рӯз бештар мегардад. Мухбири АМИТ «Ховар» дар ин бора бо директори генералии КВД «Почтаи Тоҷик» Маҳбуба Каримова ҳамсӯҳбат шуд. Вазъияти муассисаҳои почтаи ҷумҳурӣ айни ҳол чӣ гуна аст? — Дар тобеияти КВД "Почтаи Тоҷик" се муассисаи вилоятӣ, муассисаи байниноҳиявӣ, Корхонаи Воҳиди Давлатии Маркази «Марка», маркази ҷумхуриявии алоқаи махсус, Почтамтҳои шаҳрӣ ва байналхалқӣ, 60 марказҳои алоқаи шаҳрию ноҳиявӣ ва 570 шӯъбаи алоқа мавчуд аст. Дар ҳамаи онҳо 1376 нафар кор мекунанд. Тавре,ки дар боло зикр намудем, сохтори КВД "Почтаи Тоҷик" тамоми минтақаҳои ҷумҳуриро фарогир буда, кормандони алоқаи почта барои амалӣ гардонидани дигаргуниҳои иқтисодиву иҷтимоӣ, татбиқ намудани иқтисоди бозаргонӣ дар соҳа ва беҳтар кардани сифати хизматрасонӣ, корҳои зиёдеро анҷом медиҳанд. Тараққиёти технологияҳои ҳозиразамон ва таҷҳизоти электронӣ, аз ҷумла телефони мобилӣ ва интернет ба соҳаи алоқаи почта таъсири манфӣ намерасонад? — Алоқаи почта ҷузъи ҷудонашавандаи системаи иқтисодӣ ва иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад ва дар қаламрави он чун маҷмӯи яклухт ва ба ҳам пайванди истеҳсолию хоҷагӣ, ки барои қонеъ гардонидани эҳтиёҷот ва талаботи аҳолӣ, мақомоти давлатӣ ва идора, амал менамояд. Дар ҳақиқат асри тараққиёти технологияи ҳозиразамон, ки интернет ва алоқаи мобилӣ рушд намудааст, ба иқтисодиёти соҳа таъсир мерасонад. Вале роҳбарияти КВД «Почтаи тоҷик» бо роҳи кушодани каҳвахонаҳои интернетӣ, дӯконҳои фурӯши кортҳои телефони мобилӣ ва билетҳои ТВ «Бинго-шоу» дар муассисаҳои алоқаи почта вазъияти ба амаломадаро ҷуброн менамоянд. Оё то ҳол одамон ба ҳамдигар нома менависанд? — Бале, новобаста ба тараққиёти интернет, мавҷудияти факс ва телефонҳои мобилӣ одамон мисли пештара ба якдигар мактуб навишта мефиристанд. Таҳлили ҳарсолаи оморӣ нишон медиҳад, ки теъдоди мактубҳо соли 2008 то андозае кам шудааст. Агар соли 2007 теъдоди мактубҳо 478,4 ҳазор донаро ташкил медод, пас ин нишондиҳанда дар соли 2008 дар ҳаҷми 12% паст шуда, 421,6 ҳазор донаро ташкил дод. Почта яке аз соҳаҳои муҳими алоқа аст, ки нархи хизматрасонии он баланд набуда, барои одамони зиёд дастрас мебошад. Роҳбарияти КВД «Почтаи тоҷик» дар шароити рақобати шадид барои пешрафти фаъолияташ чӣ гуна тадбирҳо меандешад? Имрӯз Шумо ба чӣ корҳо машғул мебошед? — Мо кӯшиш менамоем, ки дар шароити рақобатпазирӣ бо рақибон истодагарӣ карда тавонем. Ҳамкории КВД «Почтаи тоҷик» бо ҷамоатҳо ва ёрии ҳукуматҳои маҳаллӣ дар бобати васеъ гардонидани сохтори алоқаи почта ва иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи алоқаи почта» самараи худро дода истодааст. Ба душвориҳои иктисодӣ нигоҳ накарда, ҳамлу нақли муросилоти почта ва матбуоти даврӣ дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Қайроққум, Чкаловск ҳафтае 6 маротиба ва дар дигар манотиқи ҷумҳурӣ ҳафтае 4 маротиба дастрас карда мешавад. Муросилоти мукотиботӣ ва матбуоти даврӣ вобаста ба рӯзҳои нашр, ба самтҳои тасдиқшуда ба воситаи нақлиёти ҳавоӣ ва автомобилӣ фиристода, дар минтақаҳо сари вақт ба соҳибонашон дастрас карда мешаванд. Мақсади асосии мо — бо сифати хуб пешниҳод намудани хизматрасониҳо мебошад. Мӯҳлатҳои гузариши муросилоти почтаи дохилӣ ва байналхалқӣ кӯтоҳ карда мешавад. Агар дар соли 2007 мубодилаи почта бо Федератсияи Русия дар як ҳафта се маротиба анҷом дода мешуд, пас аз соли 2008 то инҷониб он ҳафтае шаш маротиба анҷом дода мешавад, ва тавре, ки дар боло гуфтем, муҳлатҳои гузариши он кӯтоҳ карда шуданд. Намудҳои нави хизматрасонӣ ба роҳ монда мешаванд. Шартнома доир ба фиристодани пул ба воситаи почтаи электронӣ қариб бо ҳамаи давлатҳои ИДМ ба имзо расидаанд. Инчунин хизматрасониҳои ғайрисоҳавӣ, аз қабили кушодани каҳвахонаҳои интернетӣ, мағозаҳои фурӯши кортҳои телефонҳои мобилӣ ва фурӯши билетҳои ТВ «Бинго-шоу», нуқтаҳои фурӯши матбуоти даврӣ ва маводи дафтардорӣ дар муассисаҳои алоқаи почта ба роҳ монда шудааст. Маблағи хизматрасониҳои коммуналӣ аз аҳолӣ дар шӯъбаҳои алоқаи почта қабул карда мешаванд. Бигӯед, ки ояндаи наздик дар соҳаи хизматрасонии почта ягон дигаргунии куллӣ пешбинӣ карда мешавад? — Мо дар оянда хизматрасонии почтаи фавриро (ЕМС) ташкил карданием, инчунин шартномаҳо оид ба қабули маблағҳои хизматрасониҳои коммуналӣ тавассути сохторҳои алоқаи почта ба имзо расидааст. Тибқи шартнома бо Ширкатҳои "Вестер-Юнион" ва "Евростарбанк" дар шаҳрҳои Душанбе, Кӯлоб, Қӯрғонтеппа, Хоруғ, Хуҷанд, Истаравшан, Чкаловск, Панҷакент, ноҳияҳои Ғафуров, Зафаробод, Фархор, Восеъ, Шаҳритӯс қабул ва интиқоли маблағҳои пулӣ ба роҳ монда шуд. Акнун мизоҷон метавонанд тариқи почтаи электронӣ пул фиристанд ва онро гиранд. Бояд қайд намуд, ки қабул, коркард ва пардохти ирсолпулиҳои почтавӣ аз самтҳои асосии фаъолияти муассисаҳои алоқаи почта ба шумор меравад. Барномаи назорати техникии муросилоти почта дар Маркази мубодилаи Почтаи байналхалқӣ дар арафаи ба кор андохтан аст, ки дар натиҷа ба коркарди саривақтии муросилоти почта ва кам гардидани мӯҳлати кофтукови онҳо мусоидат менамояд.