ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Э. РАҲМОН ДАР ШАҲРИ ВАҲДАТ

Март 19, 2009 16:30

                    Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баҳри иштирок дар маросими ба истифода додани Маркази ҷумҳуриявии барқарорсозии саломатии кӯдакон ва оғози сохтмони роҳи оҳани Душанбе — Қурғонтеппа ба шаҳри Ваҳдат ташриф овард.                    Бо баргузории маросимҳои ба истифода додани Маркази ҷумҳуриявии барқарорсозии саломатии кӯдакон ва оғози сохтмони роҳи оҳани Душанбе — Қурғонтеппа, ки бо иштироки Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар айёми наврӯзӣ ҷараён мегиранд, гуфтан мумкин, вусъати тантанаҳои созандагию бунёдкории имсола ибтидо гирифт.                   Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон мардуми ҷамъомадаро бо ифтитоҳи Маркази ҷумҳуриявии барқарорсозии саломатии кӯдакон ва фарорасии соли нави ориёӣ — Наврӯзи хуҷастапай табрику таҳният гуфт.Зимни шиносоӣ бо шароити дар ин марказ муҳайёшуда, аз ҷумла зикр гардид, ки дар таъмир ва таҷҳизонидани он беш аз 3,5 миллион сомонӣ харҷ шудааст.                     Айни ҳол марказ дорои 2 шӯъба — пулмонологӣ ва ортопедо-неврологӣ, 40 кати хоб ва 61 ҷойи корӣ мебошад.                   Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дастур дод, ки бо истифода аз имконоти мавҷуда шумораи катҳои хоб дар ин марказ то 80 адад расонда шавад ва дар пушти он боз як бинои нав барои 80-100 нафари дигар бунёд ёбад.Ин марказ барои барқарорсозии саломатии кӯдакони маъюби дорои бемориҳои шуш, узвҳои такягоҳӣ — ҳаракатӣ, дилу рагҳо ва системаи асаб пешбинӣ шуда, дар он беҳтарин шароити табобатӣ, дилхушӣ ва барқарорсозии саломатии кӯдакон муҳайё гаштааст. Дар марказ беш аз 15 навъу усулҳои барқарорсозии физиотерапевтӣ ҳам истифода мешаванд, аз ҷумла гилдармонӣ, магнитдармонӣ, гармдармонӣ, дарсонвалдармонӣ, фаросавтдармонӣ, варзишдармонӣ, масҳдармонӣ, парафиндармонӣ, обдармонӣ, намакдармонӣ ва дигар намудҳо.                    Барои аз хосияти волои табобатии намак хуб истифода намудан дар ин ҷо шахтаи сунъии намакӣ бунёд ёфтааст, ки барои табобати бемориҳои диқи нафас ва дамкӯтаҳӣ хеле муфид аст.                    Зимни боздид аз ошхона ва ҷойи чойнӯшии кӯдакон, ки дар он аз гиёҳҳои шифобахши табиати Тоҷикистон васеъ истифода мешавад, Сарвари давлат маслиҳат дод, ки гӯшаҳои чойнӯшӣ аз гиёҳҳои нодиру шифобахши сарзамини кӯҳистони мо дар ҳамаи тарабхонаю чойхонаҳои калон ташкил дода шаванд.Ба андешаи ӯ, ин воситаи хуби ҷалби сайёҳони хориҷӣ ва шиноссозии кишвари биҳиштосои Тоҷикистон ба хориҷиён хоҳад буд.                       Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар назди кормандони марказ ва дигар ҳозирини ҷамъомад кӯдаконро хазинаи бебаҳои миллӣ ва ояндаи ҷомеа арзёбӣ намуда, таъкид намуд, ки беҳтарин шароитҳои солимгардонӣ ва таълиму тарбия бояд пеш аз ҳама барои онҳо муҳайё карда шавад.Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин соҳибкорону сарватмандони кишварро ба корҳои созандагию бунёдкорӣ ва анҷом додани амалҳои хайру савоб барои беморону маъюбон ҳидоят намуд.Худи ҳамин рӯз бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон сохтмони роҳи оҳани Душанбе — Қурғонтеппа оғоз ёфт.                     Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ва ҳайати ҳамроҳонаш релсҳои нахустинро ба ҳам пайваст карда, ба сохтмони роҳи оҳани мустақими Душанбе — Қурғонтеппа оғози расмӣ бахшиданд.                      Чунонки дар суханронии Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон зикр гардид, то имрӯз пойтахт бо шаҳри Қурғонтеппа роҳи мустақими оҳан надорад. Барои бо қатора аз Душанбе ба маркази вилояти Хатлон рафтан роҳи дарозеро аз тариқи ҷумҳурии ҳамсоя тай бояд кард, ки масофааш 463 км аст. Бо сохтан ва ба истифода додан роҳи оҳан дарозии он қариб 4 баробар кам шуда, ҳамагӣ 125 километрро ташкил хоҳад дод. Дар ин сурат хароҷоти роҳ низ мутаносибан 4 баробар поён меравад.                      Мутобиқи лоиҳа миёни Душанбею Қурғонтеппа бо харҷи қариб 500 миллион сомонӣ бояд 46 километр роҳи нави оҳан сохта шавад. Дар ин роҳ ҳамчунин 1100 метр нақб, 9 пул ва 2 гузаргоҳ бунёд меёбад. Мувофиқи ҳисоби мутахассисон самараи солонаи иқтисодии роҳи оҳани мазкур 46 миллион сомониро ташкил дода, маблағҳои сарфшуда дар муддати 10 сол пас мегарданд.                    Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ ва дар сӯҳбатҳои наздик бо аҳли ҷамъомад ҳамчунин хоҷагидорону кишоварзони мамлакатро ба вусъати кишти баҳорӣ, истифодаи пурсамар аз заминҳои корам ва афзун намудани истеҳсоли маҳсулоти ғизоии ватанӣ ҳидоят намуд ва таъкид дошт, ки ин яке аз роҳҳои асосии паст кардани таъсири манфии бӯҳрони ҷаҳонии молиявӣ ба иқтисодиёти давлати мо ва некуаҳволии ҳар як оила аст.                    Аз сиёсати созандагӣ ва бунёдкории Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон яке аз соҳибкорони ноҳия Сафарбек Назаров илҳом гирифта, изҳор дошт, ки ӯ омода аст бо харҷи маблағҳои худаш ва ҷалби сармояи хориҷӣ дар маркази шаҳри Ваҳдат як нерӯгоҳи ҳароратии ангиштӣ бо иқтидори 50 мегават бунёд мекунад. Ӯ ба Президенти мамлакат қавл дод, ки то моҳи сентябри соли 2011, яъне то 20-солагии истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ин нерӯгоҳро сохта, ба истифода медиҳад. Соҳибкор Сафарбек Назаров иттилоъ дод, ки дар назди ин нерӯгоҳ ҳамчунин як корхонаи истеҳсоли бензин ва сӯзишвории дизелии сунъӣ (синтетикӣ) бунёд мекунад. Ба гуфти ӯ, дар ин ҷо то 1000 нафар дар давраи сохтмон ва ҳамин қадар каси дигар баъди ба кор даромадани ин иншоот бо ҷойи кор таъмин мегарданд.                     Маблағи умумии сохтмони ин иншоот беш аз 65 миллион евроро ташкил медодааст.                     Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни сӯҳбатҳои озоду ошкоро мардумро бори дигар ба корҳои истеҳсолӣ, созандагию бунёдкорӣ, ободонии муҳити зист ва кам кардани хароҷоти беҳуда дар гузарондани расму оини рӯзгор ҳидоят намуд.                     Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.  

Март 19, 2009 16:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 40 дараҷа гарм мешавад
Дар 130 муассисаи таълимии ноҳияи Рӯдакӣ беш аз 10 ҳазор наврасон ба истироҳат фаро гирифта шудаанд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Дар Душанбе ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангӣ таҳти унвони «Пешвои миллат — меъмори Ваҳдат» доир гардид
МЕГАФОН ТОҶИКИСТОН: Дар Санкт –Петербург Созишнома оид ба ҳамкории оператор бо таҳиягари пешбари Русия — Ivideon имзо гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Конфронси илмӣ-адабии «Душанбе — корзори ваҳдатофарӣ ва боргоҳи Ваҳдати миллӣ» баргузор шуд
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 9 иншооти саноатӣ ба истифода дода мешавад
Дар Бохтар вобаста ба пешгирии ғарқшавии ноболиғону ҷавонон ҳангоми оббозӣ вохӯрии иттилоотӣ доир шуд
Модарони ваҳдатсаро дар ноҳияҳои Исмоили Сомонӣ, Фирдавсӣ, Сино ва Шоҳмансури пойтахт бо сокинон вохӯрӣ мегузаронанд
АЗ БАРАКАТИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ. Дар ин муддат соҳаи саноат ва кӯҳкорӣ ба як бахши муҳими иқтисоди миллӣ табдил ёфт
«ХИЗМАТ БА ВАТАН ШАРАФ АСТ!». Дар ноҳияи Нуробод ҳамоиши хизматчиёни ҳарбӣ баргузор мешавад