Р. МИРЗОЕВ: «ҲАМКОРИҲОИ ДУ КИШВАРИ БАРОДАР ДАР ҲОЛИ ГУСТАРИШ АСТ»

Март 27, 2009 16:16

                     Душанбе, 27 март.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Дар остонаи ҷашни бостонии Наврӯз Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон Рамазон Мирзоев зимни мусоҳибааш бо хабарнигори маҷаллаи «ЭКО Таймс» аз рушди ҳамкории мутақобилан судманди ду кишвари дӯсту бародар -Тоҷикистону Эрон дар бахшҳои гуногун ибрози назар намуда, сатҳи ҳамкориҳоро қонеъкунанда ва дар ҳоли рушд арзёбӣ кардааст.                   Дипломати тоҷик дар мусоҳиба ба мавзӯи таҳкиму тавсеаи робитаҳои Тоҷикистону Эрон ишора намуда, баргузории «Рӯзи Миллии Тоҷикистон»- ро дар Намоишгоҳи байналмилалии китоби Теҳрон дар моҳи майи соли гузашта, яке аз фаъолиятҳои густурдаи ҳамкориҳо унвон намуда,таъкид кардааст, ки чунин маросимҳо дар амри густариш ва тавсеаи ҳамкориҳои дуҷониба мусоидат менамояд.                      Рамазон Мирзоев дар идома аз ҷашни 1150 солагии Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ -падари шеъри форсӣ, ки соли гузашта бо ибтикори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Соли ҷаҳонии Рудакӣ эълом шуда буд, ёдоварӣ намуда, гуфтааст, ки ба ин муносибат дар 27 кишвари ҷаҳон чорабиниҳои гуногуни фарҳангӣ бахшида ба Соли ҷаҳонии Рӯдакӣ гузаронида шуд. Мо низ дар Сафоратхонаи Тоҷикистон дар Теҳрон бо ширкати донишмандону муҳаққиқони варзида нишастеро доир намудем, ки дорои аҳамияти бузург дошт. Ҳамчунин, ба ҷодаи Машҳад -Ҳирот, ки ба Тоҷикистон мепайвандад, ба номи бунёдгузори адабиёти классикии тоҷику форс- Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ номгузорӣ шуд.                       Дипломати тоҷик зимни посух ба саволи хабарнигори маҷаллаи мазкур, ки: «дар соли 2009 дар Тоҷикистон чӣ гуна чорабиниҳои бузурги фарҳангӣ баргузор мешавад?», посух додааст, ки соли равон бо ибтикори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Соли Имоми Аъзам, асосгузори мазҳаби ҳанафӣ, ки яке аз пуртарафдортарин мазҳаби ҷаҳон маҳсуб мегардад, эълон шудааст.Ба ин муносибат қарор аст осори Имоми Азам чоп гардад ва мардум бо афкору ақидаи ин олими бузург бештар ошно шаванд, таълимоти ӯ дар мактабу мадраса мавриди омӯзишу таълим қарор хоҳад гирифт ва ҳамоишу маҳфилҳо бо ҳузури олимону пажӯҳишгарон баргузор хоҳад гардид.                        Рамазон Мирзоев дар идомаи сӯҳбат ба афзоиши сафарҳои шаҳрвандони Эрон ба Тоҷикистон ишора намуда гуфтааст, ки мо ҳар моҳ ҳудуди 700-800 раводид барои шаҳрвандони эронӣ содир менамоем, ки нишон аз таваҷҷӯҳи ҳамзабонони мо барои боздид аз Тоҷикистон буда, он инъикосгари ҳусни муносиботи ҳасанаи ду кишвар аст. Дипломати тоҷик дар анҷом аз тоҷирону донишҷуёни эронӣ даъват намудааст то барои таҳсилу кор ба Тоҷикистон ташриф оваранд,бо таваҷҷӯҳ бар ин, ки имрӯз эрониёни зиёде дар Тоҷикистон машғули фаъолияти илмию истеҳсолианд ва дари Сафоратхонаи Тоҷикистон дар Теҳрон ҳамвора ба рӯи онҳо боз аст ва кормандони Сафорат ҳеҷ гуна кӯмакеро дар ин амр дареғ нахоҳанд дошт.                       Бояд тазаккур дод, ки маҷаллаи «ЭКО Таймс», нашрияи муассисаи фарҳангии ЭКО дар Теҳрон буда, бо забони инглисӣ нашр мешавад. Он ҳар моҳ бо теъдоди 2000 нусха матолиби гуногунро дар бораи 10 кишвари узви ЭКО- Тоҷикистон, Афғонистон, Эрон, Озарбойҷон, Қазоқистон, Қирғизистон, Покистон, Туркманистон, Туркия ва Ӯзбекистон чоп менамояд. Дар ин хусус, ба АМИТ «Ховар» коршиноси муассисаи фарҳангии ЭКО Шоҳмансури Шоҳмирзо иттилоъ дод.

Март 27, 2009 16:16

Хабарҳои дигари ин бахш

5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд