«РОҒАК» — И ДАРВОЗ ТАВАССУТИ АФҒОНИСТОН ОБЁРӢ МЕГАРДАД
Душанбе, 27 март. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Дар як нишасти ҳамкориҳои дуҷониба миёни мутахассисони Тоҷикистону Афғонистон, ки дар шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон сурат гирифт, аз густариши ҳамкориҳо дар бахшҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ сухан рафт,- иттилоъ доданд аз идораи кишоварзии вилоят ба мухбири АМИТ «Ховар». Ҳайати муштараке, ки аз ҳарду ҷониб ташкил ёфтааст, тасмим гирифтааст, ки дар ибтидо 50 гектар заминҳои дашти Роғаки ноҳияи Дарвозро, ки дар соҳили чапи дарёи Панҷ ҷойгир аст, бо истифода аз оби дарёчаи он сӯи марз обёрӣ намоянд. Ба иттилои мутахассисон, 21 мавзеи соҳили чапи дарёи Панҷ аз оби дарёҳои Афғонистон ва 27 дарёи Тоҷикистон дар обёрии заминҳои Афғонистон мавриди истифода қарор мегиранд.








6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






