РОҲИ ҲАВОИИ ТОҶИКИСТОНУ ӮЗБЕКИСТОН КУШОДА ХОҲАД ШУД
Душанбе, 6 март (АМИТ «Ховар», Темур Бандишоев). — Аз дафтари матбуоти Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷик Эйр» ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ки дар давоми рӯзҳои наздиктарин парвози ҳавопаймоҳои мусофирбар дар байни Тоҷикистону Ӯзбекистон барқарор карда мешавад. Дар ин бора зимни гуфтушуниди роҳбарони ширкатҳои ҳавопаймоии ҳар ду мамлакат паймон карда шуд, ки 4 март дар Тошканд баргузор гардид. Ҳайати Тоҷикистон дар ин гуфтушунид таҳти роҳбарии директори генералии «Тоҷик Эйр» Алимурод Маҳмадалиев ширкат варзид. Айни ҳол ҷузъиёти охирини масъала баррасӣ карда мешавад, умед аст, ки ҳавопаймоҳои аввалин дар байни шаҳрҳои Душанбе ва Тошканд моҳи март парвоз мекунанд. Ёдовар мешавем, ки роҳи ҳавоии Тоҷикистону Ӯзбекистон соли 1992 баста шуда буд.








5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад






