СӮХТОР ДАР БОЗОР

Март 10, 2009 14:35

                    Кӯлоб, 10 март. (АМИТ «Ховар», Сулаймон Холов).-Бар асари як сӯхтор шоми 6-уми марти соли равон 19-дукони фурӯши хӯрокворӣ ва як ошхонаи назди бозори «Саховат»-и шаҳри Кӯлоб сӯхта нобуд гардид. Аз рӯи гуфт ин ҳодиса соати яки ҳамон шаб рӯх додааст. Ҳарчанд хадамоти оташнишонӣ аз ин ҳодиса зуд бохабар шуда бошад ҳам, аммо аз сабаби набудани роҳи даромад ба дохили бозор имкони ба зудӣ хомӯш кардани оташ муяссар нагаштааст. Масъулин ба зудӣ хомӯш нагаштани оташро аз набудани роҳ дар дохили бозор маънидод намуданд.  Ҳарчанд дуконҳои сӯхташуда хусусӣ бошад, ҳам дар шафати бозор қарор доранд. Мавриди зикр аст, ки қаблан идораи сухторхомӯшкунии шаҳр аз он, ки бозор ба талаботи сухторхомӯшкунӣ ҷавобгӯ нест изҳори нигаронӣ намуда буд. Ҳатто идораи оташнишонӣ соли сипаригардида ба собиқ директори бозор Ҷумъа Алиев ба суди шаҳри Кӯлоб шикоят намуда буд. Суди шаҳри Кӯлоб нисбати бемасъулиятии Ҷумъа Алиев ҷарима ситонд. Ҳанӯз камбудҳои бозор ислоҳ нагаштаанд.                      Баъди тафтишоти кормандони шӯъбаи корҳои дохилии шаҳри Кӯлоб маълум гашт, ки сӯхтор дар натиҷаи истифодаи беэҳтиёти шамъ ба амал омадааст.   

Март 10, 2009 14:35

Хабарҳои дигари ин бахш

5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд