С. САЙДАЛИЕВ: «БЕМОРИИ СИЛ ТАБОБАТШАВАНДА ВА МУОЛИҶАИ ОН РОЙГОН АСТ»

Март 18, 2009 14:11

                       Бемории сил ё туберкулёз сироятӣ буда, сабаби пайдоши он микробактеряи туберкулиёсис (Misrobacterium tuberculosis) мебошад. Ин микробактерия ҳанӯз 127 сол муқаддам, аниқтараш дар соли 1882 аз ҷониби микробиологи шинохтаи олмонӣ Роберт Кох муайян карда шудааст. Маълумот дар бораи ба бемории сил гирифтор шудани инсон ҳанӯз 7 ҳазор сол пеш мавҷуд будааст. Чун ҳамасола 24 март дар саросари ҷаҳон Рӯзи байналмилалии мубориза бар зидди бемории сил қайд карда мешавад, дар робита доир ба сабабҳои пайдоиш, муолиҷа ва роҳҳои пешгирии ин беморӣ сӯҳбате оростаем бо директори Маркази ҷумҳуриявии мубориза бо бемориҳои сили Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саъдулло Сайдалиев:                      — Саъдулло Сайдалиев мегуфтед, ки сабабҳои асосии пайдоиши бемории сил дар чист?                       Сабабаи пайдоиши бемории сил асосан барангезандаи бемории сил аст. Барангезандаи бемории сил ҳангоми сулфаи сахти бемор, атса задан ва ё ҳангоми ба берун туф кардан, ба ҳаво паҳн мешавад ва аснои аз ин ҳавои барангезандадор нафас кашидани шахси солим ба бадани шахси солим ворид мешавад. Мутаасифона сеяки аҳолии ҷаҳон дучори барангезандаи бемории сил гардидаанд. Дар давоми ҳаёт 5-10 фоизи онҳо гирифтори бемории сил мегарданд. Чунки барои фаъолгардидани барангезандаи бемории сил дар бадани шахс ва ба вуҷуд овардани бемории сил омилҳои муайяну зиёди иҷтимоӣ аз худи бадан вобаста буда, ба пастшавӣ ва коҳиш ёфтани беморӣ оварда мерасонад.                       Паст будани сатҳи иҷтимоӣ метавонад сабаби авҷгирии бемории сил гардад?                      Воқеан, бемории сил дар ҷаҳон ҳамчун масоили иҷтимоию тиббӣ шинохта шудааст. Аз ҷониби Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ бемории сил ҳамчун омили паст будани сатҳи иҷтимоӣ арзёбӣ шудааст. Чандин омили пайдоиш ва паҳншавии бемории сил вуҷуд дорад, инҳо дар доираи фақру бенавоӣ зиндагӣ кардани одамон, ҷангу муноқишаҳо, ки ба сатҳи иқтисодию иҷтимоӣ ва психологии ҷомеа таъсири манфӣ мерасонад, муҳоҷирати меҳнатӣ, паст будани ҳолати рӯҳии шахс, вазъи иҷтимоии ҷомеа ва ғайраҳо.                    — Теъдоди шахсони мубталои бемории сил дар ҷумҳурӣ зиёд аст?                     Алҳол нисбати солҳои 80-уми асри 20-и даврони Шӯравӣ дар ҷумҳурӣ теъдоди беморони сил зиёданд. Ин ҳам сабабҳои худро дорад. Барҳам хӯрдани системаи мураттабе, ки дар даврони Шӯравӣ вуҷуд дошт, яъне ҳам системаи сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва системаи тиббии мукаммал. Яъне як сатҳи муайяни барои ҷомеа бехавф вуҷуд дошт, он аз байн рафт. Ин омилҳо яке аз сабабҳои асосии афзоиши бемории сил натанҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон балки дар дигар кишварҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ва Аврупои Шарқӣ гардид. Дар солҳои баъди 90-ум ва 2000-ум ин беморӣ авҷ гирифт. Бо назардошти ин масъала Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳанӯз соли 1996 Барномаи миллии мубориза бар зидди бемории сил барои солҳои 1996-2000-умро қабул карда буд. Як қисми он ҳадафҳои дар доираи Барномаи мазкур буда, иҷро шуданд. Бо назардошти коҳиш додани бемории сил дар ҷумҳурӣ ва татбиқи минбаъдаи барномаи миллии мубориза бо ин беморӣ соли 2002 Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Барноми нав барои солҳои 2003-2010 -ро қабул кард. Ин барнома дастгирии хуб ёфта истодааст. Бо шарофати ин барнома ва кӯшишҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастгирии шарикони Барнома, алҳол дар саросари ҷумҳурӣ амалӣ гардида истодааст. Метавон гуфт, ки дар сатҳи ҷумҳурӣ бемороне, ки мубталои гирифтори касалии сил ҳастанд ба онҳо кӯмаки тиббӣ, ташхис ва муолиҷа ройгон аст.                      Омилҳои асосии пайдоиши ин беморӣ дар инсон чӣ гуна зуҳур менамояд?                      Ҳангоме, ки шахси бемор дар худ беш аз ду се ҳафта зиёдтар сулфа ҳис мекунад, ҳатман бояд ба муассисаи наздиктарини кӯмаки аввалия муроҷиат намояд. Дар ҳамаи муассисаҳои тиббӣ алҳол 102 лабораторияи микроскопии ташхиси балғам дар тамоми ноҳияҳо ва шаҳрҳои ҷумҳурӣ кушода шуда, фаъолият менамояд, ки дар онҳо мутахассисони ботаҷрибаю баландихтисос фаъолият доранд. Тамоми лабораторияҳо бо дастгоҳҳои ташхиси микроскопии бинокулярӣ, ки бисёр қудрати баланди тадқиқӣ доранд, таъмин ҳастанд. Дар ҷумҳурӣ тамоми ташхисгоҳҳое, ки кушода шудаанд, бо дастгоҳи бинокулярӣ ва маводҳои сарфшавандаю кимёвӣ пурра таъминанд. Ҳамаи беморон ҳангоми эҳтиёҷот ба он ҷойҳо муроҷиат менамоянд ва балғами онҳо гирифта шуда, ташхис мешавад. Баъдан бемории сил дарёфт карда мешавад. Албатта дар ин ҷо каме душворӣ ҳаст, бахусус дар масъалаи дарёфти беморони ғайришуш, ки онҳо балғам надоранд ва бо дастгоҳҳои рентгенӣ ташхис карда мешаванд. Ба ғайр аз шуш тамоми узвҳои бадан гирифтори бемории сил шуда метавонад. Вале дар аксари ҳолатҳо 80-85 фоизи шуш бештар ба бемории сил гирифтор мешавад. Дастгоҳҳои рентгении нав ба даст омада, дастгоҳҳои муосири рақамӣ буда, ташхисро хеле осон мегардонад. Он бо кӯмаки созмонҳои байналмилалӣ дастрас гардида, истеҳсоли кишварҳои хориҷӣ, аз ҷумла ширкати «Сименс»-и Олмон аст. Инчунин, ду дастгоҳи флюорографии сайёр ба ҷумҳурӣ дар рӯзҳои наздик ба фаъолият шурӯъ менамоянд, ки яке аз онҳо бо дастгоҳи рақамӣ муҷҷаҳаз мебошад. Ин дастгоҳҳо ташхиси беморони силро дар маҳалҳо осон мегардонад. Дастгоҳҳои мазкур аз ҳисоби гранти ба дастовардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Хазинаи глобалӣ оид ба пешгири ва мубориза бар зидди ВИЧ СПИД, сил ва табларза, ки ҳамчун масоили иҷтимоӣ вобаста аст, харидорӣ шудааст.                       Маркази ҷумҳуриявии мубориза бо бемории сил чанд сол аст, ки фаъолият дорад ва кадом корҳоро дар ин самт амалӣ намудааст?                      Маркази ҷумҳуриявии мубориза бар зидди беморрии сил ҳанӯз аз солҳои 30-уми асри 20 ҳамчун диспансери ҷумҳуриявӣ фаъолият менамояд. Соли 1996 бинобар қабули Барномаи нав ва дигар гаштани дурнамои табобату дарёфти бемории сил ва эъломияи Созмони байналмилалии тандурустӣ, ки дар тамоми ҷаҳон бемории силро яке аз бемории авҷгиранда эълон карда шуд ва ҳамчун Маркази ҷумҳуриявии мубориза бо бемории сил фаъолият менамояд. Вазифаи Маркази мазкур пешгирӣ, дарёфт, бақайдгирӣ ва табобати шахси мубталои бемории сил мебошад. Алҳол асосан амалӣ сохтани барномаҳои миллӣ, назорати рафти корҳо дар маҳалҳо, расонидани кӯмаки методӣ, дастурӣ, машвартӣ ба ҳамаи ноҳияҳо идома дорад.                      -Сатҳи бемории сил дар ҷумҳурӣ рӯ ба коҳишёбӣ дорад?                    Дар саросари ҷаҳон шахсони гирифтори бемории сил афзудааст. Вазъ дар Ҷумҳурии Тоҷикистондар баробари дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ қарор дорад. Мувофиқи таҳлилҳои мутахассисони Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ, ки дар онҳо сатҳи беморшавӣ баланд арзёбӣ мешавад ин ҳам бошад аз рӯи сатҳи иҷтимоӣ, дастрасии хизматрасонии тандурустӣ. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин самт хусусияти хос дорад, ки Созмони Умумиҷаҳонии Тандурустӣ ба назар нагирифтааст. Ин ҷойгиршавии мавқеи ҷуғрофӣ, релеф ва офтоб, ки воқеан Тоҷикистон кишвари офтобӣ аст. Дар зарфи ду соли охир авҷи минбаъдаи бемории сил дар ҷумҳурӣ боздошта шудааст. Вазифаи минбаъда ва ҷомеа коҳиш додани ин беморӣ аст. Умуман қаблан ҳам дар минтақаҳои кӯҳистон чунин беморӣ кам буд. Як нуқтаи ҷолиб ин аст, ки ҳангоми нурҳои офтоб муддати 5 дақиқа ба барангезандаи бемории сил мерасад ин барангезанда нест мешавад. Нури офтоб аз ҳама қувваи бузург аст, ки дар нест намудани барангезандаи бемории сил нақши калон мебозад. Аз ин рӯ, Ҷумҳурии Тоҷикистон тавре дар боло зикр кардам кишвари офтобӣ ва баландкӯҳ аст ва хурӯҷи ин беморӣ дар кишвари мо нисбат ба Қирғизистон ва Қазоқистон дар сатҳи паст аст. Яке аз воситаҳои пешгирии сирояти он ба атрофиён ин дар офтоб овезон кардани либосҳои шахси бемор ва шамол додани хобгоҳу манзиле, ки дар он ҷо шахси бемор зиндагӣ мекунад ба шумор меравад. Ин ҳам яке аз роҳҳо ва воситаи хуби пешгирии бемории сил аст.                      Дар соли 2008 шумораи ба қайдгирифташудаи сатҳи беморшавӣ дар ҷумҳурӣ ба сад ҳазор нафар 85 нафар рост омад. Яъне аз сад ҳазор нафар аҳолии ҷумҳурӣ 85 нафар гирифтори бемории сил аст.                      Ва тибқи баъзе манбаъҳо гӯё дар ноҳияи Восеъ теъдоди гирифтори беморони сил зиёданд? Инро чӣ гуна арзёбӣ менамоед?                       Дар минтақаи Кӯлоб вазъ нисбатан ташвишовартар аст. Ҳукумати ҷумҳурӣ ва Вазорати тандурустӣ огоҳӣ доранд. Бо пайдоиши имконият соли 2003 дар ноҳияи Восеъ барнома амалӣ шуд ва дар натиҷа чораҳои мушаххас андешида шуда, авҷи беморӣ боздошта шудааст. Бо назардошти вазъ аз аввали соли ҷорӣ омӯзиши мутобиқати барангезанедаи бемории сил ба роҳ монда шудааст. Алъон барномаи нав таҳия карда мешавад, ки дар он ба ноҳияи Восеъ диққати махсус дода шудааст.                        Бемории сил табобатшаванада аст?                        Албатта бемории сил табобатшаванада аст. Мо бояд як нуктаро ёдрас намоем, ки бемории сил ба ирсият ба авлод ягон муносибат надорад.                      Яъне бемории сил авлодӣ нест.                      Бале, ин беморӣ сироятӣ буда, аз берун барангезанда дорад, ки ба воситаи ҳаво ба бадани одам ворид мешавад. Яъне ҳангоми сулфа бактерияи сил дар ҳаво то ним соат муаллақ мемонад. Шахси солим ҳангоми нафас кашидан аз ин ҳаво сироят мебинад. Инчунин, ба воситаи маҳсулоти аз чорво истеҳсолшуда, бахусус шири нопухта метавонад ба инсон сироят намояд. Баъзе шахсони бемор, ки луҳоби даҳонашон ба замин меафтад дар ҷои офтобӣ дар 5 дақиқа ва дар сояҷой то дергоҳ барҷо мемонад. Агар шахс 1 бор мубталои бемории сил гардад, мардум аз ӯ ҳазар менамоянд. Баъди 2 ҳафтаи табобат бемор дар 96 % -и ҳолатҳо барои атрофиён бехавф мегардад .Дар давраи хавфнок будан бемор бояд дар беморхонаи махсуси табобати бемории сил нигоҳ дошта шавад.                       Ҳангоми дар зарфи 6-7 моҳ табобат кардани шахси гирифтори бемории сил бо назардошти риоя кардани тавсияҳо, дорую табобат он шахс ҳатман пурра солим мешавад.                     Пайдоишии бемории сил ба ҳолати рӯҳии инсон низ вобастагӣ дорад?                      Аслан ин тавр нест. Вале омиле вуҷуд дорад, ки дар ҳолати доимо ғамгин будан он ба паст гардидани қобилияти бадани инсон ва ба системаи асаб таъсир мерасонад.                      Аслан бемории сил дар байни кӯдакону ҷавонон зиёданд ё миёнсолон ва дар маҳбасхонаҳо вазъ чӣ гуна аст?                      Дар баёни одамони синнашон аз 18 то 35 сола зиёд аст, ки беш аз 45 фоизро ташкил медиҳад. Дар шароите, ки вуҷуд дорад, дар байни маҳбусон бемории сил зиёд аст. Аз соли 2005 сар карда то соли 2008 дар маҳбасхонаҳо барномаи миллии пешгирӣ ва табобати бемории сил, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия шудааст, амалӣ карда шуд. Маҳбусоне, ки гирифтори бемории силанд дар беморхонаи марказие, ки вуҷуд дорад ташхис ва муолиҷа карда мешаванд.                      Кадом созмонҳои байналмилалӣ ба маркази ҷумҳуриявӣ кӯмак мерасонанд ва умуман ҳамкорӣ доранд? Асосан мо бо ташкилотҳои байналмилалии кӯмакрасони молиявӣ, аз қабили Хазинаи Глобалӣ, Ташкилоти Шветсарӣ, Барномаи рушди СММ, Бонки олмонии рушд, Хазинаи «Шарқу Ғарб», Хоуп, КАРИТАС ва Хазинаи байналмиллии озуқа ҳамкорӣ дорем. Аз ҷумла, бо кӯмаки Хазинаи ҷаҳонии озуқа барои ҳар як бемор ва ба ду нафар аъзои оилаи он чор намуди озуқа- орд, равған, намак ва маҳсулоти лубиёгӣ дар тамоми давраи табобат дода мешавад. Алҳол ин барнома дар 31 шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ амалӣ карда мешавад.                      Вазъи беморхонаҳое, ки фаъолияташон ба табобати бемории сил нигаронида шудааст дар кадом сатҳ аст?                      Тӯли солҳои охир вазъи беморхонаҳои ҷумҳурӣ, ки дар онҳо беморони сил табобат карда мешаванд беҳтар гардидааст. Дар ҷумҳурӣ 34 адад беморхонаҳои вобаста ба табобати бемории сил мавҷуд аст. Хушбахтона беморхонаи ҷумҳуриявие, ки дар шаҳраки Шифои шаҳри Ваҳдат /собиқ Мачитон/ аст таъмири пурра карда мешавад.  1 корпуси он аз таъмири асосӣ бароварда шуда, дигараш бошад дар соли оянда аз таъмир бароварда хоҳад шуд. Дар он тамоми шароиту имкониятҳо фароҳам оварда шудааст. Ғайр аз ин он грантҳое, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба даст овардааст, дар шаҳри Қӯрғонтеппа сохтмони беморхонаи нави замонавӣ барои 130 ҷой ба нақша гирифта шудааст. Дар Вилояти Мухтори кӯҳистони Бадахшон низ беморхона аз нав сохта мешавад. Дар вилояти Суғд таъмири беморхонаи зиддсилии вилоятиро бонки олмонии рушд ба ӯҳда гирифтааст. Инчунин, 1 беморхонаи таъмирталаб дар шаҳри Кӯлоб вуҷуд дорад. Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин ҷо барои 200 кат беморхонаи нав сохта мешавад. Алҳол корҳои лоиҳакашӣ идома дорад. Моҳи гузашта намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар он ҷой буданд.                      Дар мавриди таъмини дору танқисӣ намекашед?                      Дорую дармони зиддисилӣ пурра мерасанд бо назардошти захираи 6 моҳ.                      Таъмини беморхонаҳо бо мутахассисони ботаҷриба дар кадом сатҳ аст?                      Аз лиҳози таъмини беморхонаҳо бо мутахассисони ботаҷриба назар ба чанд соли охир пешравиҳо вуҷуд дорад. Дар ҷумҳурӣ кадрҳои ҷавон ба камол расонида шуда, дар табобати беморони сил фаъолият менамоянд. Мутахассисон асосан дар факултаи силшиносии Донишгоҳи давлатии ба номи Абӯали ибни Сино, инчунин мутахассисон дар донишкадаи баъдидипломӣ тайёр карда мешаванд. Ҳамзамон, мутахассисон дар курсҳо омода карда шуда, ба минтақаҳо фиристонида мешаванд. Чанде пеш 12 нафар мутахассис ба шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ фиристода шуданд.                      Дар мавриди пешгирии бемории сил чӣ гуна тарғибу ташвиқ бурда мешавад?                       Ин масъала вазифаи ҳар як шахс аст. Зеро ҳангоме, ки кӯдак таваллуд мешавад дар се рӯзагӣ ё 5 рӯзагӣ бояд эми БСЖ гузаронида шавад. Инҳо барангезандаи зиндаи сусткардашудаи бемории сил аст, ки дар китфи чапи кӯдак гузаронида мешавад. Ҳангоми гузаронидани ин микобактерия организм бар зидди ин барангезанда позахр мешавад. Зеро он як василаи хуби пешгирӣ аз беморӣ аст. Инчунин, хӯрдани хӯроки серғизо, шартҳои асосии пешгирии ин беморист.                     Бемории сил парҳез дорад?                     Агар гӯем, ки яке аз сабабҳои ин беморӣ шиками гурусна аст, хато намекунем. Агар шахс хӯрокаи серғизо бештар истеъмол намояд, он омили хуби мубориза бо бемории сил аст. Дар тиббӣ халқӣ ҳам ақидае ҳаст, ки ҳангоми бемории сил равғани сагро истеъмол кардан ё гармӣ кардан лозим аст. Дар давраи аввали табобат мо ба шахсони мубталои бемории сил доруҳое медиҳем, ки бисёр вазнину бақувватанд ва дар ин маврид шахси бемор набояд аз дигар маводҳо истифода намояд. Яъне гармии аз ҳад зиёд гузаронидан ба организми шахси бемор ба вазнин шудани ҳолати ӯ дар баъзе мавридҳо оварда мерасонад.                      Ҳар сол дар саросари ҷаҳон 24 март Рӯзи байналмилалии мубориза бар зидди бемории сил қайд карда мешавад. Дар ин робита дар ҷумҳурии мо чӣ гуна чорабиниҳо гузаронида мешавад?                      Бале, ҳар сол Рӯзи байналмилалии мубориза бар зидди бемории сил дар ҷумҳурӣ дар сатҳи баланд гузаронида мешавад. Соли равон низ роҳбарияти Вазорати тандурустии ҷумҳурӣ ба ин масъала диққати махсус додаст. Маҷмӯи чорабиниҳо бахшида Рӯзи байналмилалии мубориза бар зидди бемории сил тасдик карда шуда амали карда шуда истодааст.                     Ташаккур барои сӯҳбати самимӣ,                     Мусоҳиб Марзия Саидова, хабарнигори АМИТ «Ховар» 

Март 18, 2009 14:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар лагери «Сарҳадбон» 100 нафар кӯдакон аз оилаҳои хизматчиёни ҳарбӣ ба истироҳат фаро гирифта шуданд
ТИРГОН, ЯЪНЕ, КИ ҚАДРИ ОБ ДОН. Миллате, ки об барояш муқаддас аст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 40 дараҷа гарм мешавад
Дар 130 муассисаи таълимии ноҳияи Рӯдакӣ беш аз 10 ҳазор наврасон ба истироҳат фаро гирифта шудаанд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Дар Душанбе ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангӣ таҳти унвони «Пешвои миллат — меъмори Ваҳдат» доир гардид
МЕГАФОН ТОҶИКИСТОН: Дар Санкт –Петербург Созишнома оид ба ҳамкории оператор бо таҳиягари пешбари Русия — Ivideon имзо гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Конфронси илмӣ-адабии «Душанбе — корзори ваҳдатофарӣ ва боргоҳи Ваҳдати миллӣ» баргузор шуд
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 9 иншооти саноатӣ ба истифода дода мешавад
Дар Бохтар вобаста ба пешгирии ғарқшавии ноболиғону ҷавонон ҳангоми оббозӣ вохӯрии иттилоотӣ доир шуд