САҲИФАИ МАХСУСИ ИНТЕРНЕТ ДАР БАЛҶУВОН
Балҷувон, 10 март. (АМИТ «Ховар», Сулаймон Холов).-Бо маблағгузории Кумитаи Телевизион ва Радиои назди ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати фарҳанг, Вазорати иқтисод ва савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Балҷувон мувофиқи нақшаи дурнамои солҳои 2002-2012 саҳифаи махсус дар шабакаи ҷаҳонии Интернет, таҳияи филмҳои видео, ташкили маҳсулоти рекламавӣ оид ба захираҳои туристии ноҳияи Балҷувон бо истифода ва имкониятҳои молиявии собиқадорони дохилии туристӣ таъсис ёфт. Раиси ноҳияи Балҷувон Бек Қурбонов зимни як нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон изҳор дошт: «Айни ҳол дар ноҳия ду саҳифаи махсуси Интернет «Тос Балҷувон» ва «Сари-Хосор» кушода шудааст. Инчунин филмҳои мустанади телевизионии «Диёри Балҷувон», «Балҷувон дар давраи тамаддуни Ориёӣ», «Аз субҳ то шоми Балҷувон», «Шоҳи Аккоша», «Шакл» ба навор гирифта шуда манзури тамошобинон гардонида шуданд».








5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад






