САФИРИ ИМА ДАР НОҲИЯИ ВАХШ

Март 6, 2009 10:04

                      Қӯрғонтеппа, 6 март (АМИТ «Ховар», Мурод Сотиев). — Сафири кабири ИМА дар Тоҷикистон Трейси Энн Ҷейкобсон 5 март барои боздиди корӣ ба ноҳияи Вахш рафт. Вай дар ин ҷо бо ҷараёни тақсими кӯмаки башардӯстона ба сокинони маркази ноҳия шинос шуд.                       Сафир зимни сӯҳбат бо мухбири АМИТ «Ховар» зикр кард, ки кӯмаки башардӯстона дар доираи яке аз барномаҳои хайрияи Департаменти давлатии ИМА расонда мешавад. Вай афзуд, ки ба сокинони минтақаҳои дигари Тоҷикистон низ кӯмаки хайрия расонда хоҳад шуд.                       Тибқи нақша, дар вилояти Хатлон ба бештар аз 8 ҳазор оила ва дар вилояти Суғд ба 3,5 ҳазор оила аз тарафи Агентии рушди байналмилалии ИМА кӯмаки хайрия расонда мешавад. Сафир зикр намуд, ки кӯмаки хайрия аз 200 килограмм орд, 50 килограмм наск ва 16 килограмм равғани наботӣ иборат аст.

Март 6, 2009 10:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд