СЕХҲОИ НАВИ ДӮЗАНДАГӢ МЕАФЗОЯНД

Март 18, 2009 11:40

                  Хоруғ, 18 март. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Дар шаҳри Хоруғ сехи нави дӯзандагии «Ҳаёт» ба фаъолият шурӯъ намуд, ки дар натиҷа 20 нафар ҷавондухтарон бо ҷойи кори доимӣ таъмин шуданд. Бояд гуфт, ки аз соли 2006 дар ҷумҳурӣ ба хотири рушди соҳибкории хурду миёна грантҳои президентӣ ҷудо мегарданд.                   Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ Ҳарамбегим Маҳтобшоева ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, ки дар тӯли 3 сол дар вилоят 2 нафарӣ соҳиби ин грант гардиданд. Соли ҷорӣ бошад, 5 нафар тариқи гранти президентӣ дар шаҳри Хоруғ, ноҳияҳои Роштқалъа, Ишкошим ва Мурғоб сехҳои дӯзандагӣ кушоданд ва дар ноҳияи Рӯшон 1 нафар сехи коркарди мева ташкил намуд.                   Маврид ба зикр аст, ки ҳадаф аз ҷудо намудани грантҳои президентӣ, ки тариқи Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати ҷумҳурӣ амалӣ карда мешаванд, бо кор таъмин намудани занону духтарони деҳот ва рушди истеҳсолот дар минтақаҳо мебошад.  

Март 18, 2009 11:40

Хабарҳои дигари ин бахш

5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд