ШӮЪБАИ «АМОНАТБОНК» ДАР ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД
Душанбе, 14 март. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). — Бо ибтикори Раёсати Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» ва Ҳукумати шаҳри Турсунзода бинои Шӯъбаи «Амонатбонк» баъди таъмиру азнавсозӣ ба истифода дода шуд. Бояд қайд намуд, ки бинои мазкур ба шароитҳои муосири фаъолияти бонкӣ ва меморӣ хеле қулай сохта шудааст, ки ба ҳусни шаҳри Турсунзода боз ҳусни тоза зам мекунад. Ин шӯъбаи «Амонатбонк» аз як қисми амалиётӣ, 18 оҷонсӣ ва 7 нуқтаи мубодилаи арз иборат буда, 64 нафар мутахассисони соҳа дар он ҷойҳо фаъолият хоҳанд кард. Қобили қайд аст, ки соли гузашта бо нишондиҳандаҳои назаррас ва даромади 1 миллиону 117 ҳазор сомонӣ ва хароҷоти 835 ҳазор сомонӣ, фоидаи соф 282 ҳазор сомонӣ ҷамъбаст намуд, ки иҷрои нақшаи даромади соф 103,7 фоизро ташкил дод.








6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






