ШИРКАТИ «ETA-STAR» БА ЛОИҲАҲОИ ТОҶИКИСТОН САРМОЯГУЗОРӢ МЕКУНАД

Март 13, 2009 15:00

                     Душанбе, 13-уми март. (АМИТ «Ховар», Наргис Бойаҳмадова). — Дар шаҳри Абӯзабӣ вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ дар ҷараёни боздиди расмии худ аз Амороти Муттаҳидаи Араб бо мудири генералии ширкати «ETA-Star» Обид Ҷунайд мулоқот кард.                     Дар ҷараёни мулоқот Ҳамрохон Зарифӣ вазъи кунунии Тоҷикистонро ба таври мухтасар шарҳ дода, ширкати мазкурро барои иштирок дар амалисозии лоиҳаҳои Тоҷикистон даъват намуд.                    Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон дар робита ба масъалаи захираҳои обӣ таваҷҷӯҳи ҳамсӯҳбаташро ба сармоягузорӣ барои сохтмони нерӯгоҳҳои барқи обӣ ҷалб намуда, таъқид кард, ки муҳимтарин сармоягузорӣ дар Тоҷикистон ба сохтмони нерӯгоҳҳои барқӣ мебошад, зеро Тоҷикистон дорои захираҳои бузурги обӣ буда, танҳо 5 фоизи онро худаш истифода мебарад. Аз ин рӯ, имрӯз Тоҷикистон омода аст, ки ҳар намуди сармоягузориро истиқбол гирад.                     Мудири ширкати «ETA-Star» Обид Ҷунайд зикр намуд, ки ширкаташ омода аст дар Тоҷикистон сармоягузориро оғоз намояд. «Ширкати «ETA-Star» дар соҳаи сохтмонӣ, ба танзим даровардани идораҳои амниятӣ, интиқоли барқ, лифтсозӣ, дару панҷарасозӣ ва тоза нигоҳ доштани муҳити зист хидматҳои сифатнок ва арзанда ба Тоҷикистон тақдим хоҳад кард», — тазаккур дод О. Ҷунайд.                    Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ иттилоъ доданд.

Март 13, 2009 15:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад