ШОМИ АЙТЕК ДАР ДУШАНБЕ

Март 20, 2009 15:31

                     Душанбе, 20 март.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Дар арафаи ҷашни бостонии тоҷикон -Наврӯзи фархундапай дар Маркази фарҳангии Сафорати Ҳиндустон дар Душанбе «Шоми АЙТЕК» — ҷамъомади ботантанаи донишҷӯёни тоҷик, ки тариқи Барномаи ҳамкории иқтисодию техникии Ҳиндустон дар ин кишвар таҳсил намудаанд, баргузор шуд.                      Донишҷӯёни тоҷикро Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Ҳиндустон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Амар Сингх бо ҷашни Наврӯз шодбош гуфт. Дипломати ҳинд афзуд, ки Барномаи ҳамкории иқтисодию техникии Ҳиндустон ҳанӯз 45 сол муқаддам аз ҷониби Девони вазирони Ҳиндустон созмон дода шудааст. Тибқи ин барнома дар зарфи зиёда аз 40 сол Ҳиндустон ба 100 давлати рӯ ба инкишофёфтаи ҷаҳон курсҳои кӯтоҳмуддатро дар бахшҳои гуногун пешниҳод кардааст.                       Дар муддати беш 10 сол қариб 500 нафар донишҷӯёну мутахассисони Вазорату идораҳои гуногуни Тоҷикистон тавассути барномаи АЙТЕК дар Ҷумҳурии Ҳиндустон курсҳои кӯтоҳмуддатро дар бахшҳои технологияи иттилоотӣ, компютер, тиҷорат ва фаъолияти бонкӣ, менеҷмент ва ғайраҳо гузаштанд, ки ба ҷаҳонбинию дониш ва малакаи касбии онҳо такони ҷиддие бахшид.                       Ҳамзамон, дар ҷамъомади «Шоми АЙТЕК» донишҷӯёну мутахассионе, ки курсҳои гуногунро дар Ҳиндустон гузаштаанд сухан карда, таасуроти неки худро роҷеъ ба таҳсил ва пешрафти ин сарзамини афсонавӣ иброз доштанд.                       Дар анҷом аз ҷониби ҳунармандони Маркази фарҳангии Сафорати Ҳиндустон барномаи ҷолиби консертӣ пешкаши ҷамъомадагон гардид, ки таҷассумгари санъати волои мардуми ҳинд буд.

Март 20, 2009 15:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 40 дараҷа гарм мешавад
Дар 130 муассисаи таълимии ноҳияи Рӯдакӣ беш аз 10 ҳазор наврасон ба истироҳат фаро гирифта шудаанд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Дар Душанбе ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангӣ таҳти унвони «Пешвои миллат — меъмори Ваҳдат» доир гардид
МЕГАФОН ТОҶИКИСТОН: Дар Санкт –Петербург Созишнома оид ба ҳамкории оператор бо таҳиягари пешбари Русия — Ivideon имзо гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Конфронси илмӣ-адабии «Душанбе — корзори ваҳдатофарӣ ва боргоҳи Ваҳдати миллӣ» баргузор шуд
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 9 иншооти саноатӣ ба истифода дода мешавад
Дар Бохтар вобаста ба пешгирии ғарқшавии ноболиғону ҷавонон ҳангоми оббозӣ вохӯрии иттилоотӣ доир шуд
Модарони ваҳдатсаро дар ноҳияҳои Исмоили Сомонӣ, Фирдавсӣ, Сино ва Шоҳмансури пойтахт бо сокинон вохӯрӣ мегузаронанд
АЗ БАРАКАТИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ. Дар ин муддат соҳаи саноат ва кӯҳкорӣ ба як бахши муҳими иқтисоди миллӣ табдил ёфт
«ХИЗМАТ БА ВАТАН ШАРАФ АСТ!». Дар ноҳияи Нуробод ҳамоиши хизматчиёни ҳарбӣ баргузор мешавад