СОҲАИ МУСИҚӢ БА ДАСТГИРӢ НИЁЗ ДОРАД

Март 20, 2009 14:54

                 Душанбе, 20 март. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).- Дирӯз дар Вазорати фарҳанги ҶТ дар мавзӯи «Вазъи мусиқии касбӣ ва роҳҳои инкишофи он» машварат баргузор гардид. Дар он намояндагони вазорат, мактабҳои ҳунарӣ, оҳангсозон, овозхонон ва мутахассисони соҳа иштирок намуданд.                  Машваратро муовини вазири фарҳанг Фароғат Азизӣ ифтитоҳ бахшида, ҳадафи асосии онро ба ҳозирон баён намуд. Ӯ зикр кард, ки имрўз ин соҳаи фарҳанг ба дастгирии ҷиддӣ ниёз дорад.                 Мутахассисони соҳа қайд намуданд, ки дар ҷумҳурӣ ду мактаби махсуси мусиқӣ амал мекунад, ки дар ҳолати табоҳ қарор доранд.                 Тавре ба мухбири АМИТ «Ховар» дар маркази матбуотии Вазорати фарҳанги ҶТ хабар доданд, дар машварат пешниҳод шуд, ки барои ҳалли мушкилоти ҷойдошта ва таълиму тарбияи ҷавонону наврасони боистеъдод, бояд мутахассисонеро, ки ангуштшуморанд, дастгирӣ ва ҷалб намуд.                  Ғайр аз ин, масъалаи нарасидани кадрҳои хуби соҳаи санъату ҳунар, таъсиси утоқи илмӣ-методӣ, курсҳои такмили ихтисос, таълимоти сезинагӣ — яъне мактаби мусиқӣ, коллеҷ ва консерватория мавриди баррасии иштирокчиён қарор гирифт. Пешниҳод шуд, ки барои пешрафти соҳаи мусиқӣ оркестрҳи созҳои миллӣ ва симфонӣ бояд бо мутахассисон таъмин карда шаванд, дирежёрон ва оҳангсозони касбӣ тайёр карда, донишҷўёни лаёқатмандро ба хориҷи кишвар фиристанд.

Март 20, 2009 14:54

Хабарҳои дигари ин бахш

6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад