СОҲИБКОРОН АНДОЗБАНДИРО НАМЕХОҲАНД

Март 11, 2009 10:53

                    Душанбе, 11 март. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Яке аз сарчашмаҳои андозбандӣ, ки мавриди таҳлилу омӯзиши мақомоти андози мамлакат қарор гирифтааст, фаъолияти санъаткоронест, ки ба соҳибкории инфиродӣ машғул мебошанд.                    Тибқи муқаррароти қарори Ҳукумати ҷумҳурӣ аз 30-юми майи соли 2008 рақами 273 «Дар бораи тасдиқи қоидаҳои додани «Патент» ва «Шаҳодатнома» дар хусуси бақайдгирӣ ба сифати соҳибкори инфиродӣ ба шахсони воқеие, ки фаъолияти соҳибкории инфиродиро бе таъсиси шахси ҳуқуқӣ анҷом медиҳанд», сурат мегирад.                    Дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи ин намуди соҳибкорӣ 660 нафар санъаткорон дар мақомоти андоз ба қайд гирифта шудаанд.                   Дар ҳолати 10 моҳ дар як сол фаъолият кардани онҳо, ба хазинаи давлат аз рӯи патенти 57 сомонӣ дар як моҳ барои ҳар як соҳибкор, 537 ҳазор сомонӣ ба хазинаи давлат ворид мешавад. Вале, чунон ки санҷишҳо нишон доданд, на ҳамаи соҳибкорони инфиродӣ соҳиби «Патент» ва «Шаҳодатнома» мебошанд.

Март 11, 2009 10:53

Хабарҳои дигари ин бахш

6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад