СОДИРОТИ ПАХТА БА ХОРИҶИ КИШВАР КАМ ГАРДИД
Душанбе, 25 март. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Аз маълумоти Кумитаи давлатии омори ҷумҳурӣ маълум гардид, ки содироти нахи пахта ба хоричи кишвар дар ҳаҷми умумии содироти молҳо 12, 4 фоизро ташкил дод. Дар моҳҳои январ- феврали соли ҷорӣ ба хориҷи кишвар 14 ҳазор тонна нахи пахта ба маблағи 15 миллион доллар содир шудааст, ки нисбат ба моҳҳои январ-феврали соли 2008 аз рӯи ҳаҷм 1,4 ҳазор тонна ва аз рӯи арзиш ба маблағи 4, 7 миллион доллар кам мебошад. Нахи пахта асосан ба Эрон (26,8 фоиз), Россия (20,7 фоиз), Латвия (14,7 фоиз), Ӯзбекистон (11,6 фоиз), Белорус (8,8 фоиз), Украина, Покистон, Булғория ва Шветсария дар ҳаҷми 4 фоизӣ, Австрия (1,1 фоиз), АМА (0,3 фоиз) содир карда шудааст. Нархи миёнаи нахи пахта нисбати соли 2008 ба андозаи 204 доллар арзон шуда, нархи 1 тоннаи он 1072 долларрро ташкил дод.








5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад






