СОХТМОНИ ТУННЕЛИ ШАРШАР БА ОХИР МЕРАСАД
Душанбе, 18 март. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих). — Дар сохтмони туннели Шаршар корҳои асосӣ анҷом дода шуданд ва он моҳи июли соли равон ба истифода дода хоҳад шуд. Коргарон айни ҳол дар ин ҷо корҳои бетонрезӣ ва ороиширо анҷом дода, таҷҳизоти ҳавокаширо насб менамоянд. Аз раёсати сохтмони роҳҳои вазорати нақлиёт ва алоқаи ҷумҳурӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ки дарозии туннел 2 километру 235 метр буда, сохтмони он моҳи октябри соли 2006 шурӯъ гардида буд. Ҳадафи сохтмони туннел таъмини ҳаракати мунтазами нақлиёт дар тамоми фаслҳои сол ба воситаи ағбаи Шаршар мебошад. Туннели мазкур рафтуомади нақлиётро аз Душанбе ба ноҳияҳои ҷанубии мамлакат, инчунин, Хоруғ, Мурғоб, ағбаи Қулма ва ба воситаи он ба Ҷумҳурии Мардумии Чин хеле осон хоҳад кард. Айни ҳол дар сохтмони туннел 317 коргару мутахассис кор мекунад.








5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад






