СОЗИШНОМА ДАР БОРАИ САРҲАДИ ӮЗБЕКИСТОНУ ТОҶИКИСТОН ЭЪТИБОР ПАЙДО НАМУД
Душанбе, 27 март. (АМИТ «Ховар», Наргис Бояхмедова). — Созишнома дар бораи сарҳади давлатии Тоҷикистону Ӯзбекистон, ки онро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ислом Каримов 5 октябри соли 2002 дар шаҳри Душанбе имзо карда буданд, 24 марти соли 2009 эътибори қонунӣ пайдо намуд. Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки 24 март дар Вазорати корҳои хориҷии Ӯзбекистон маросими имзо ва мубодилаи тасвибномаҳо дар бораи эътибори қонунӣ пайдо намудани созишномаи мазкур баргузор гардид. Протоколро дар ин бобат сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ӯзбекистон Б.Маҳмадов ва муовини вазири корҳои хориҷии Ӯзбекистон Б.Исломов имзо карданд. Ҳуҷҷат қисмати асосии то имрӯз муқарраргардидаи хати сарҳади давлатии ҳар ду мамлакатро тасдиқ менамояд. Комиссияи байниҳукуматии хар ду давлат қисмати боқимондаи сарҳади давлатиро то охири соли 2009 муқаррар менамояд. Баъди имзои ҳуҷҷат барои хабарнигорон нишасти матбуотӣ ташкил карда шуд. Дар он зикр гардид, ки эътибор пайдо кардани созишнома дар бораи сарҳад ба расмият даровардани сарҳади давлатии ҳар ду мамлакат мувофиқи қонуну қоидаҳои байналмилалӣ, таъмини амният ва равнақу ривоҷи ҳамкории ҳар ду мамлакат дар заминаи муносибатҳои дӯстона, ҳусни ҳамҷаворӣ ва эҳтироми ҳамдигар мусоидат хоҳад кард. Тарҷумон — Қудратов А.








6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






