ТАҲИЯИ ЛОИҲАИ ҶУБРОНИ ИСТИФОДАИ ХИЗМАТИ НАҚЛИЁТ БАРОИ ИШТИРОКЧИЁНИ

Март 17, 2009 15:12

                   Душанбе, 17 март (АМИТ «Ховар», Таҳмина Ғоибназарова). — Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии ҷумҳурӣ лоиҳаи ҳуҷҷатро дар бораи тартиб ва ҳаҷми пардохти ҷуброни истифодаи хизмати нақлиёт барои иштирокчиён ва маъюбони Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва шахсони дигари бо онҳо ҳуқуқи баробардоштаро таҳия намуд. Ҳуҷҷат бо мақсади иҷрои банди 34 — юми Нақшаи амалӣ сохтани барномаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ таҳия карда шудааст. Мувофиқи банди аввали ҳуҷҷат, ба иштирокчиён ва маъюбони Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва шахсони дигари бо онҳо ҳуқуқи баробардошта, ҳақки истифодаи хизмати нақлиёти шаҳрӣ ва музофотии истифодаи умумӣ чӣ дар дохили шаҳр, чӣ дар деҳот ва чӣ дар ҳудуди ноҳияҳои маъмурӣ ҷуброн карда мешавад.                  Банди дуюми он ба пардохти маблағи хизматрасонии техникии воситаҳои нақлиёти шахсии иштирокчиёну маъюбони ҶБВ ва шахсони дигари бо онҳо ҳуқуқи баробардошта кафолат медиҳад. Инчунин, иштирокчиёни ҷанг ва шахсони бо онҳо ҳуқуқи баробардошта метавонанд, ҳар сол як бор бепул ба ҳамаи мамлакатҳои ИДМ сафар кунанд.Ҳуҷҷати мазкур ояндаи наздик барои муҳокима ва мувофиқа ба вазоратҳои молия, адлия, нақлиёту коммуникатсия ва ташкилоту идораҳои дигар фиристода хоҳад шуд.                  Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки ҳуҷҷати мазкур баъди 15 апрел эътибор пайдо хоҳад кард.  

Март 17, 2009 15:12

Хабарҳои дигари ин бахш

«Кока-Кола Нӯшокиҳои Тоҷикистон» ва Федератсияи футболи Тоҷикистон ҳамкории дарозмуддатро тасдиқ намуданд
Дар вилояти Хатлон ҷаласаи Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба зимистонгузаронӣ баргузор шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 10 дараҷа гарм мешавад
Ҳифзи Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва Ваҳдати миллӣ муҳимтарин вазифа аст
Дар шаҳри Ҳисор оид ба пешгирии қонунвайронкуниҳо ҷаласаи васеи назоратӣ баргузор шуд
Дар Душанбе 24 нуқтаи савдо дар маконҳои номуайян бартараф карда шуд
Соли 2026 дар Тоҷикистон ду неругоҳи офтобӣ ба истифода дода мешавад
Тарофаҳою хизматрасониҳои мобилӣ чӣ гуна тавлид мешаванд?
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Пагоҳ дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон сар задани сел дар назар аст
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Кормандони воҳидҳои сохтории Суғд аз тамошои Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ таассуроти амиқ бардоштанд