ТАҲИЯИ ЛОИҲАИ СОЗИШНОМА ДАР БОРАИ МИНТАҚАҲОИ ОЗОДИ ТИҶОРАТӢ
Душанбе, 6 март (АМИТ «Ховар», Наргис Бояхмедова). — Вазорати рушди иқтисодиёти Русия лоиҳаи созишномаро дар бораи минтақаҳои озоди тиҷоратӣ ба муҳокимаи коршиносони давлатҳои ИДМ пешниҳод намуд. Дар машварати ба ин масъала бахшидашуда намояндагони Арманистон, Белорусия, Қирғизистон, Молдавия, Русия, Ӯзбекистон ва Украина ширкат варзиданд. Тоҷикистон эродҳо ва пешниҳодоти худро ба таври хатӣ ба машварати мазкур фиристод. Иштирокчиёни машварат маълумоти ҷониби Русияро роҷеъ ба лоиҳаи созишнома ба инобат гирифтанд. Дар ҷараёни муҳокима силсилаи масъалаҳо, аз ҷумла, ба созишнома дохил намудани пешниҳодот дар бораи ҳифзи моликияти зеҳнӣ, роҳу усулҳои хариди давлатӣ ва хизматрасонӣ ба миён гузошта шуданд. Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки хамаи пешниҳодот зимни такмили ҳуҷҷат ба ҳисоб гирифта хоҳанд шуд.








5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад






