ТАЙЁРӢ БА ТАҶЛИЛИ 65 – СОЛАГИИ ҒАЛАБА ДАР ҶАНГИ БУЗУРГИ ВАТАНӢ

Март 16, 2009 12:13

                    Душанбе, 16 март (АМИТ «Ховар», Темур Бандишоев). — Барномаи тайёрӣ ба таҷлили 65 — солагии ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ тасдиқ карда шуд. Мувофиқи он то моҳи апрели соли 2010 дар Боғи ғалабаи шаҳри Душанбе аксҳои калони ҳамаи Қаҳрамонони Иттиҳоди Шӯравӣ ва дорандагони се дараҷаи ордени «Шараф» аз Тоҷикистон насб карда мешавад. Инчунин дар боғи мазкур гулгашти каҳрамонон васеъ карда хоҳад шуд. Ҳамаи ин тадбирҳо дар доираи Қарори Ҳукумати ҷумҳурӣ «Дар бораи таҷлили 65 — солагии ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941 — 1945» амалӣ карда мешаванд.                      Бо қарори Ҳукумат соли 2010 соли ветеранҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ эълон шудааст. Дар доираи таҷлили ҷашн 9 майи соли 2010 дар шаҳри Душанбе расми гузашти низомӣ баргузор мегардад. Ба шарафи ҷашн медалҳои идонаи «65 — солагии ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941 — 1945» тайёр карда мешаванд. Барнома ҳамчунин то соли 2010 зиёд кардани нафақаи иштирокчиён, ветеранҳои ҷанг ва афзоиши миқдори роҳхатҳоро барои онҳо ба истироҳатгоҳҳо пешбинӣ менамояд.                       Ҳафтаи аввали моҳи майи соли 2010 «Ҳафтаи ёдбуд» эълон шудааст. Шахсони масъул дар давоми ҳафта ба аёдати оилаҳои иштирокчиёни ҳалокшуда ё вафоткардаи ҷанг мераванд. Дар воситаҳои ахбори оммавӣ дар мавзӯи тайёр кардану гузаронидани ҷашни ғалаба хабару мақолаҳо ва барномаҳо чоп карда, шунавонида ва намоиш дода мешаванд. То 9 майи соли 2010 таҳияи Китоби ёдбуд анҷом дода, ҷилди чоруми китоби нависандаи ҷангноманавис Раҳмон Сафаров «Ҳазору як корнома» чоп карда, озмуни театрҳо дар мавзӯи ҳарбӣ гузаронида мешавад.                       Дар шаҳри Душанбе дар мавзӯи «Аҳамияти таърихию ҷаҳонии ғалаба бар фашизм ва замони ҳозира» конфронси илмӣ баргузор хоҳад гашт. Инчунин, барои ба даст овардани ҷоизаи ҳарсолаи байниидоравии «Барои иштироки фаъолона дар тайёр кардану гузаронидани ҷашни 65 — солагии ғалаба дар ҶБВ» барои кормандони муассисаҳои фарҳангу ҳунар ва воситаҳои ахбори оммавӣ озмун гузаронида мешавад. Ғайр аз ин ба шарафи ҷанг мусобиқаҳои гуногуни варзишӣ ба нақша гирифта шудаанд.

Март 16, 2009 12:13

Хабарҳои дигари ин бахш

6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад