ТАЪМИНИ ВОҚЕИЯТ ВА ТАЪСИРБАХШИИ ОН БЕШТАР МЕГАРДАД
Истаравшан, 4 март. (АМИТ «Ховар», Ҳусейни Нарзулло) — Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон « Дар бораи вокуниши шахсони мансабдор ба маводҳои танқидӣ ва таҳлилии воситаҳои ахбори омма» — ро ноҳияи Ғончӣ бисёр хуш пазируфт,- иброз дошт сармуҳаррири рӯзномаи «Овози Ғончӣ» Усмонҷон Икромов. Тасвиби чунин Фармони Сарвари Давлат агар аз як тараф ба мустаҳкам намудани интизоми иҷроия ва баланд бардоштани нақши воситаҳои ахбори омма дар ҳаёти ҷамъиятӣ — сиёсӣ ва иҷтимоӣ — иқтисодии кишвар мусоидат намояд, аз тарафи дигар, ин иқдоми муҳим мо рӯзноманигорон водор менамояд, ки дар иҷрои вазифаи хеш масъулияти куллиро эҳсос кунем. Ҳамчунин, таъмини воқеъият ва муассирии маводҳои танқидию таҳлилиро вазифаи асосӣ шуморем. Баробари интишори ин санади муҳим бояд гуфт, ки аллакай бархурди роҳбарону кормандони масъули корхонаю муассисаҳо ва ташкилоту хоҷагиҳо ба воситаҳои ахбори омма ва маводҳои нашршуда ба тарафи мусбат тағйир ёфта истодааст ва ин фармон ҳатман самараҳои дилхоҳро ба бор меоварад, — гуфт У. Икромов.








Пагоҳ иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Дар Ҳисор оид ба кишти саривақтии ғалладонагиҳо машварат доир гардид
Дар ноҳияи Ёвон оид ба таъмини амнияту субот ҳамоиш баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Доир ба пешниҳоди каналҳои коммуникатсионии лоиҳаи «Намоиши коркарди ғайритермалии партовҳои ДДТ дар Осиёи Марказӣ» машварат баргузор гардид
ТААССУРОТИ ХОТИРМОНИ МИНИ-ФУТБОЛ. Дар Душанбе даври ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзал баргузор гардид
ОҒОЗИ МАВСИМИ НИҲОЛШИНОНӢ. Дар вилояти Хатлон 600 ҳазор бех дарахти ороишию сояафкан шинонида мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Бахшида ба 31-солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Москва ҳамоиш доир гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
«Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021–2025» натиҷагирӣ карда шуд






