ТАРҒИБИ ТАНЗИМ — КОРИ МУҲИМ

Март 4, 2009 15:50

               Истаравшан, 4 март. (АМИТ «Ховар», Ҳусейни Нарзулло) — Дар маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр машварати минтақавӣ дар мавриди рафти иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» доир гардид, ки дар кори он намояндагони навоҳии Ғончӣ, Шаҳристон, Зафаробод, Спитамен ва шаҳри Истаравшан ширкат доштанд.               Машваратро муовини аввали раиси шаҳр Ф. Султонов ифтитоҳ намуд.                Сардори раёсати танзими анъана ва ҷашну маросимҳои Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон А. Холиқов дар бобати дастовардҳои ҷомеа пас аз тасвиби Қонуни мазкур, камхарҷ гардидани тӯю маъракаҳо ва ҳамчунин дар ҷойҳо мавҷуд будани камбудию норасоиҳо дар ин бобат сухан карда вазифаҳои ҷомеа ва оммаро дар соли 2009 муайян намуд.                 Сипас, раиси Шӯрои уламои дини ҷумҳурӣ А. Неъматзода, раиси Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров Н. Салимов роҷеъ ба роҳу усулҳои татбиқи Қонун дар маҳалҳо фикру андешаҳои ҷолиб баён доштанд.  

Март 4, 2009 15:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Бохтар ба кӯдакони ятим ва ниёзманд либосҳои мактабию лавозимоти хониш тақдим гардид
Дар палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон бо ҳайати Ҷумҳурии Мардумии Чин мулоқот доир шуд
Дар Тоҷикистон беш аз 1,9 миллион либоси мактабӣ истеҳсол карда шудааст
ОМОДАГӢ БА СОЛИ НАВИ ТАҲСИЛ. Дар Гулистон давраи мутобиқшавии хонандагони синфи якум идома дорад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Ҳисор ба кӯдакону наврасони ятим либоси мактабӣ ва ашёи хониш тақдим гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар пиряхҳои Помири Шарқӣ ва Марказӣ таҳқиқоти илмӣ-саҳроӣ гузаронида шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
«АБАРМАРДИ ТАЪРИХСОЗ». Китоби академик Фарҳод Раҳимӣ доир ба корнамоиҳои беназири Президенти Тоҷикистон ба нашр расид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад