ТАРМИМИ ШАБАКАИ ОБРАСОНИИ ҚӮРҒОНТЕППА
Қӯрғонтеппа, 16 март. (АМИТ «Ховар», Мурод Сотиев). — Дар Қӯрғонтеппа вобаста ба тармими куллии шабакаи обрасонӣ интиқоли об ба хонаҳои мардум рӯзҳои 17 ва 18 март қатъ карда мешавад. Дар ин бора аз идораи байниноҳиявии водоканализатсияи шаҳр ба АМИТ «Ховар» хабар доданд. Директори корхонаи давлатии водоканализатсия Абдулмаҷид Шарифов хабар дод, ки дарозии хати обрасонии шаҳр 114 километр мебошад. Бори охир қубурҳои обгузари шабакаи обрасонӣ солҳои 80 — уми асри гузашта иваз карда шуда буданд. А.Шарифов зикр кард, ки барои пурра иваз кардани қубурҳои об ва хати канализатсия маблағи хеле калон лозим аст. Бо ин мақсад аз маблағҳои Бонки ҷаҳонӣ истифода бурда мешавад. Инчунин, барои иваз кардани қубурҳои канализатсия низ тадбирҳо андешида мешаванд. Бонки тармиму таҷдид ва рушди Аврупо бо ин мақсад 5 миллион доллари ИМА ҷудо кард. 70 фоизи ин маблағ барои иваз кардани хати обрасонӣ дар кӯчаи Кайҳоннавардон сарф карда мешавад. Зеро қисми зиёди биноҳои баландошёна дар ҳамин кӯча воқеъ гардидаанд. А.Шарифов дар хотима изҳор намуд, ки тармими хати водопровод аз моҳи апрел шурӯъ мегардад. Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ барои барқарор сохтани системаи канализатсияи шаҳр 590 ҳазор сомонӣ сарф карда шуд. Бо ин маблағ бинои стантсияи насосии обкашӣ тармим карда, аз он то истгоҳи трансформаторӣ хати интиқоли барқ кашида шуд. Муассисаҳои водоканализатсияи шаҳр аз ҳисоби маблағҳои Бонки миллии Тоҷикистон, Бонки ҷаҳонӣ ва мамлакатҳои мададгор бо техникаи махсус пурра таъмин карда шуд.








6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






