ТАРТИБИ НАВИ ДОДАНИ РАВОДИД БА БРИТАНИЯИ КАБИР
Душанбе, 27 март (АМИТ «Ховар», Фарангис Раҳимова). — Ба донишҷӯёни тоҷик, ки дар Британияи Кабир таҳсил мекунанд, аз 31 март сар карда, мувофиқи системаи нави холҳо раводид дода мешавад. Дар ин бора аз сафоратхонаи Британияи Кабир дар Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд. Мувофиқи тартиби нави нисбатан шаффофи гирифтани раводид, донишҷӯён бояд дар бораи таҳсилашон дар мактабҳои олии ин мамлакат ҳуҷҷат пешниҳод намоянд. Онҳо бояд исбот кунанд, ки барои таъмини зиндагӣ дар Британияи Кабир маблағи кофӣ доранд. Инчунин, барои гирифтани раводид маълумоти биометрӣ талаб карда мешавад. Аз рӯи қоидаҳои нав, раводид ба донишҷӯён имкон медиҳад, ки дар давоми таҳсил ҳафтае 20 соат кор кунанд. Дар давраи таътил ба онҳо иҷозат дода мешавад, ки тамоми рӯз ба кор машғул шаванд.








5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад






