ТАШАББУСҲОИ НАВИ САРВАРИ ДАВЛАТ

Март 20, 2009 12:01

                   Душанбе, 20 март. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров).- Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 20 март зимни мулоқот бо зиёиёни кишвар пешниҳод намуд, ки соли 2011 садсолагии зодрӯзи яке аз фарзандони бузурги халқи тоҷик, муборизи матини сулҳ ва мунодии ваҳдату дӯстии халқҳои ҷаҳон , Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода бо тантана ҷашн гирифта шавад.                   «Зодрӯзи ин устоди каломи бадеъро, ки дар Осиё ва Африқо шӯҳрати беандоза дорад, бояд сазовор ҷашн гирем»-таъкид кард Эмомалӣ Раҳмон.                   Президенти ҷумҳурӣ ба комиссияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои ЮНЕСКО пешниҳод кард, ки барои ба феҳристи ҷашнҳои байналмилалӣ дохил намудани садсолагии устод Мирзо Турсунзода тадбирҳо андешад.                   Ҳамчунин, Э. Раҳмон бо назардошти хизматҳои шоёни нависандагони забардаст Сотим Улуғзода ва Ҷалол Икромӣ дар рушди адабиёти муосири тоҷик, ба Вазорати фарҳанг, Академияи илмҳо, Иттифоқи нависандагон, Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон ва мақомоти иҷрояи ҳокимяти давлатии шаҳри Душанбе супориш дод, ки барои таҷлили ҷашни садсолагии ин адибон тадбирҳо андешанд.                   Сарвари давлат пешниҳод намуд,ки ба Донишгоҳи забонҳо номи Сотим Улуғзода гузошта шавад. Тавре ки маълум аст, С. Улуғзода ҳамчун тарҷумони бузург низ шӯҳрат дорад. Эмомалӣ Раҳмон изҳор намуд, ки ба номи Ҷалол Икромӣ гузоштани яке аз хиёбонҳои пойтахт мувофиқи мақсад мебошад.  

Март 20, 2009 12:01

Хабарҳои дигари ин бахш

5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд