ВАРЗИШ МАНБАИ САЛОМАТӢ

Март 10, 2009 14:33

                     Темурмалик, 10 март. (АМИТ «Ховар», Сулаймон Холов).-Бахши ҷавонон варзиш ва сайёҳии мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Темурмалик нақшаи чорабинӣ баҳри амалӣ гардидани «Барномаи рушди саломатии ҷавонони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2006-2010 дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва мактабҳои таҳсилоти умумии ноҳия вохӯрӣ ва озмунҳо гузаронида истодааст. Раиси ноҳия Малика Шукурова вобаста ба ин мавзӯъ гуфт:- «Соли сипаригардида бахши мазкур махсусан дар соҳаи варзиш натиҷаи хуб ба даст овард.         Дастпарвари мактаби варзишии ноҳия Баҳром Сангов дар мусобиқаи байналхалқӣ оид ба вазнбардорӣ дар Ҷумҳурии Исломии Эрон маҳорати баланд нишон дода дар байни 15 кишвари ҷаҳон соҳиби медали варзишии мусобиқа гардид. Дастпарвари дигари мактаби варзишии ноҳия Низом Сангов соҳиби роҳхат барои иштирок дар олимпиадаи ХХХ шаҳри Пекини Ҷумҳурии Хитой гардидааст. Умед аст, ки соли ҷорӣ низ варзишгарони ҷавони ноҳия дар мусобиқа ва олимпиадаҳо ширкат варзида, сазовори ҷои намоён мегарданд»-афзуд Малика Шукурова.  

Март 10, 2009 14:33

Хабарҳои дигари ин бахш

6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад