ЯРМАРКАИ НАВБАТИИ ҶОИ КОРУ ВАЗИФАҲОИ ХОЛӢ

Март 11, 2009 10:11

                        Душанбе, 11 март (АМИТ «Ховар», Людмила Дубинина). — Ярмаркаҳои ҷои кору вазифаҳои холӣ, ки мунтазам дар пойтахт баргузор мегарданд, нишон доданд, ки бо вуҷуди душвориҳои иқтисодию молиявӣ талаботи корхонаю муассиса ва ташкилотҳо ба қувваи корӣ хеле калон аст. То ҳол ҳам корхонаҳои давлатӣ ва ҳам корхонаҳои хусусӣ ба теъдоди зиёди коргарон эҳтиёҷи калон доранд.                        Директори раёсати умумии Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Маҳмадалӣ Ҷабборов ба АМИТ «Ховар» хабар дод, ки дар пойтахт аз аввали соли равон 5 ярмарка гузаронида шуд. Дар онҳо қариб 15 ҳазор сокини пойтахт ва ноҳияҳои тобеи марказ ширкат варзид. Ба туфайли чунин ярмаркаҳо зиёда аз 700 нафар дар корхонаҳои саноатӣ, сохтмон, нақлиёт, алоқа, тандурустӣ, маориф ва ғайра соҳиби кор гардид. Қариб 3 ҳазор нафари дигар барои омӯхтани касб ба курсҳои кӯтоҳмуддат фиристода шуд. М.Ҷабборов афзуд, ки кормандони агентӣ талаботи корхонаю муассисаҳоро ба коргарони соҳаҳои гуногун меомӯзанд. Дар давоми ҳамин ҳафта дар бинои Сирки давлатӣ ярмаркаи навбатии ҷои кору вазифаҳои холӣ баргузор мегардад.  

Март 11, 2009 10:11

Хабарҳои дигари ин бахш

6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад