ЯРОҚҲО ДАРЁФТ ВА МУСОДИРА КАРДА ШУД
Душанбе, 11 март. (АМИТ «Ховар», Жасмин Назарова). — Аз ҷониби кормандони шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Тавилдара ҳангоми аз назар гузаронии ҳудуди мавзеи ҷангали сӯхтаи деҳаи Шаҳринав, ҷамоати Тавилдара яроқҳои зерин дарёфт карда шуд: як адад яроқи оташфишони тамғаи «АКСУ» автомати Калашников, як адад яроқи тамғаи «ТОЗ-8», як дона тири гранатамёт, 20 дона тири зенитӣ, 2 дона тирдони АК, як адад лентаи пулемёт, як адад лентаи ДШК дарёфт ва мусодира карда шуд. Инчунин, аз ҷониби шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Дарвоз, низ аз махфигоҳ яроқ мусодира карда шуд. Ҳангоми гузаронидани корҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ аз махфигоҳи ноҳияи мазкур яроқҳои зерин дарёфтанд: як адад яроқи тамғаи «ППШ», ду адад яроқи тамғаҳои «Карабин» ва карабин «БУР», як адад таппончаи истеҳсоли хориҷӣ, 3 дона норинҷаки тамғаи Ф-1, 6 адад тирдони АКН, 860 дона тирҳои тамғаи гуногун дарёфт ва мусодира карда шуд.








6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






