«ЗИЁРАТШО» ФАБРИКАИ ХУРДИ РЕСАНДАГӢ МЕСОЗАД
Фархор, 2 март. (АМИТ «Ховар» Сулаймон Холов).-Дар ҳудуди деҳоти Гулшани ноҳияи Фархор фабрикаи хурди ресандагӣ бунёд меёбад. Ҷонишини сардори ҶДММ «Зиёратшоҳ» Тоҳир Каримов вобаста ба ин мавзўъ гуфт: «Сохтмони мазкур бо сарпарастии ширкати «Зиёратшоҳ» сохта шуда, маблағи он зиёда аз 3 миллион сомониро дар бар мегирад. Иқтидори корхона бошад дар як сол 1200 тонна ришта истеҳсол намуда, дар 3 вақт фаъолият хоҳад намуд. Айни ҳол, сохтмончиён 73%-и корҳои сохтмониро ба итмом расонидаанд. Мавриди зикр аст, ки бо шурўъ гардидани фаъолияти кори корхона 250 нафар коргар метавонанд ба ҷои кори нав таъмин гардад. Фабрикаи хурди ресандагӣ дар моҳи июли соли ҷорӣ (с.2009) фаъолияти худро оғоз менамояд» -иброз дошт Тоҳир Каримов.








5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад






